РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА ДАР ДУШАНБЕ. Бахшида ба он ҳамоиши бошукуҳ доир гардид

Октябрь 2, 2023 10:42

ДУШАНБЕ, 02.10.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Душанбе вобаста ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2023 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996 — 2005 ба хизмати ҳарбӣ» ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 12 сентябри соли 2023 «Дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005 ба хизмати ҳарбӣ» маросими ботантанаи гусели ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ баргузор  шуд.

Тавре ки ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, ба муносибати Рӯзи даъватшаванда дар Амфитеатри «Аҳорун» ҳамоиши тантанавӣ ва маъракаи гусели наваскарон аз шаҳри Душанбе ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ, масъулини  сохторҳои марбутаи шаҳр, соҳаи кор бо ҷавонон, роҳбарони комиссариатҳо ва қисмҳои ҳарбӣ ва волидайни даъватшудагон иштирок намуданд.


Ба даъватшудагоне, ки аз чор ноҳияи шаҳр дар ин рӯз сафарбар гардиданд, ҳуҷҷати хатми ронандагӣ тақдим шуд. Барои иштирокдорони ҳамоиш машқҳои ҳарбӣ ва варзишӣ намоиш дода шуда,  тибқи анъана бо ҳузури навдаъватшудагон маросими «Нонгазон» доир шуд.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати боз ҳам рушд додан ва фароҳам овардани шароити созгор барои сарбозону афсарони шуҷои Ватан пайваста тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Ҳамин аст, ки  сол то сол сафи ихтиёриёни ҷавон ба хизмати ҳарбӣ меафзояд. Ҳамин аст, ки дар рӯзи аввали даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ аз шаҳри Душанбе 426 нафар ҷавонон ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ гусел шуданд.

Дар қисмати фарҳангии барнома аз ҷониби дастаҳои ҳунарӣ барномаи консертӣ ва намоиши театрӣ пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуд.

Тавре дар Қарори Раиси шаҳри Душанбе омадааст, комиссарҳои ҳарбӣ ва раисони комиссияҳои даъвати шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он муваззаф гардидаанд, ки маъракаи даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда ба қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъйиноти махсус бо дарназардошти хусусияти хоси хизмат дар ин воҳидҳо ва дар навбати аввал пуррагардонии онҳо бо иштироки намояндагони мақомоти амният ва корҳои дохилӣ амалӣ намоянд.

Ҳамчунин тибқи қарори мазкур,  раёсатҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, фарҳанг, кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе  уҳдадор гардидаанд, ки байни сокинон ва ҷавонони синни даъватӣ хизмати ҳарбиро ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд ташвиқу тарғиб намоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

Октябрь 2, 2023 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд