Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер мулоқот намуданд

Октябрь 6, 2023 11:33

ДУШАНБЕ, 06.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллеро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар оғози суҳбат Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаноби Мануэл Микаллерро ба муносибати Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданаш ва оғози рисолати дипломатии ӯ дар мамлакат табрик намуданд.

Ҷонибҳо аз раванди густариши равобити дӯстона ва ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Тазаккур дода шуд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қатори аввалинҳо истиқлолият ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф намудааст.

Давоми сӣ соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни давлатҳо муколамаҳои мунтазами роҳбарони ду давлат ва машваратҳои сиёсӣ дар қолабҳои гуногун барои тақвияти муносибатҳои дуҷониба мусоидат намудаанд.


Дар ин раванд ҳамкории байнипарламентӣ ҷузъи муҳими муносибатҳои дуҷониба ба шумор рафта, ҷонибҳо ҳавасмандии худро баҳри густариши минбаъдаи робитаҳои байнипарламентӣ изҳор намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот вазъи ҳамкории ду давлат дар  соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ ва дигар бахшҳои мавриди манфиати тарафайн баррасӣ шуда, ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисод, энергетика, равобити фарҳангию гуманитарӣ, бахусус сайёҳӣ мубодилаи афкор доир шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин масоили амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла вазъ дар Афғонистонро баррасӣ намуданд.

АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 6, 2023 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид