Раиси шаҳри Душанбе: «Дар Тоҷикистон ислоҳоти иқтисодӣ муваффақона амалӣ мешавад»

Октябрь 1, 2023 12:02

ДУШАНБЕ, 01.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. «Пайваста таҳким бахшидани муносибатҳо ва ҳамкории гуногунҷанбаи байнидавлатӣ  ба ҳалли масъалаҳои мавҷуда, аз ҷумла таъмин намудани рушди устувору мутавозини давлатҳо мусоидат менамояд». Чунин иброз доштанд Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ дар «Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе – 2023».

Вобаста ба ин,  Рустами Эмомалӣ  шарикии васеи тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, дастгирии ҳамдигар ва татбиқи муштараки лоиҳаҳои мутақобилан судманд, таъмини тиҷорати мунтазам, ҳаракати озоди мол, сармоя, хизматрасонӣ ва технологияҳои навро ҳамчун  самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ  таъкид намуда, ташаккул додан ва таъмин намудани рушди иқтисоди рақамӣ, «иқтисоди сабз», низоми ягонаи нақлиётӣ, рушди долонҳои нақлиётӣ ва истифодаи самараноки иқтидори транзитии давлатҳоро барои ҳама ҷонибҳо дорои аҳаммияти хосса арзёбӣ намуданд.

Дар маросими ифтитоҳи «Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе – 2023» Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  барои  баргузории пайвастаи чунин чорабиниҳои пурманфиату созанда ҳамчун асоси ҳамгироӣ ва пешрафти якҷоя изҳори омодагию ҳавасмандӣ намуданд.

«Имрӯз дар Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, вусъат додани имкониятҳои содиротии мамлакат ва беҳбуд бахшидан ба вазъи бозори меҳнат ислоҳоти иқтисодӣ муваффақона амалӣ мешавад», — таъкид намуданд Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 1, 2023 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад