Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муассисаи таълимӣ ва маркази саломатиро ба истифода дод
ДУШАНБЕ, 03.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Хатлон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилоят Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муассисаи таълимӣ ва маркази саломатиро ифтитоҳ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Гуфта шуд, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35 дар деҳаи Комсомоли Ҷамоати деҳоти Навобод ҷойгир шудааст. Дар муассиса 653 хонанда, аз ҷумла 353 духтар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Шумораи омӯзгорон 45 нафарро ташкил медиҳад.
Дар муассиса 13 синфхона мавҷуд буда, айни замон сохтмони 5 синфхонаи дигар ба анҷом расонида шуд. Панҷ синфхонаи иловагии таълимӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсони саховатпеша ба тариқи ҳашар сохта шудаанд.


Иттилоъ дода шуд, ки маркази саломатии хусусии «Рустам» дар деҳаи Узуни Ҷамоати деҳоти Золи Зар ҷойгир шудааст. Марказ сеошёна буда, аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Эмомалӣ Раҷабзода бунёд гардидааст.
Дар идома Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар хоҷагии ба номи Ниёзмуҳаммад Бегов шинос шуд.
Дар деҳаи Комсомол дар ҳудуди хоҷагии Ниёзмуҳаммад Бегов аз тарафи шаҳрванд Қобил Наҷмиддинов 13 гектар замин иҷора гирифта, пахта корида шудааст.
Бояд гуфт, ки хоҷагии Ниёзмуҳаммад Бегов яке аз хоҷагиҳои калон дар ҳудуди ноҳия ва вилоят ба ҳисоб рафта, 1506 гектар заминро фаро мегирад. Дар хоҷагӣ тамоми намуди маҳсулоти кишоварзӣ кишт карда мешавад. Асоси кори хоҷагиро пахтакорӣ ва чорводорӣ ташкил медиҳад.
Сарвазири мамлакат оид ба тезонидани суръати чиниши пахта бо назардошти барвақт фаро расидани фасли сармо ва ҷамъоварии саривақтии андозҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд






