Дар Тоҷикистон Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддитабъизӣ қабул гардид

Ноябрь 24, 2026 13:46

ДУШАНБЕ, 24.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддитабъизии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» қабул гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Қабули ҳуҷҷати мазкур қадами муҳим дар самти таҳкими кафолатҳои ҳуқуқии баробарӣ ва пешгирии ҳама гуна шаклҳои табъиз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Тартиби мазкур механизми гузаронидани экспертизаи зиддитабъизии  санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳоро муайян намуда, ба ошкор ва бартараф намудани меъёрҳои табъизӣ, пешгирии ҳолатҳои табъиз ва таъмини мутобиқати қонунгузории миллӣ ба стандартҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон равона гардидааст.

Мутобиқи Тартиби мазкур, мақомот  ҳамчун мақоми ваколатдор экспертизаи зиддитабъизӣ гузаронида, оид ба мутобиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳо ба қонунгузории соҳаи баробарӣ ва манъи табъиз хулоса пешниҳод менамояд.

Қабули ин ҳуҷҷат дар таҳкими низоми миллии ҳифзи ҳуқуқ ба баробарӣ, такмили қонунгузорӣ ва пешгирии ҳама гуна шаклҳои табъиз аҳаммияти муҳим дошта, барои таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандон заминаи мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам меорад.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 24, 2026 13:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҚАТОРИ БАЛАНДТАРИН ПАРЧАМҲОИ ҶАҲОН. Эҳдо ба Рӯзи Парчами миллӣ
ПАРЧАМИ МИЛЛӢ — ТАҶАССУМГАРИ ҲУВИЯТИ ТАЪРИХ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар Рӯзи Парчами давлатӣ
АВВАЛИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Ин парчами таърихӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфуз аст
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба фарзандон аз синни хурдсолӣ бояд маънии парчамдориву соҳибдавлатӣ, арзиши сулҳу ваҳдатро омӯзонем»
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Парчами давлатиро ботантана ҷашн гирифтанд
Арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ вазифаи ҷонии ҳар шаҳрванди ватандӯст, — бардошт аз ҳамоиш дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
Дар Русия аз соли 2027 назорати даромади муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар лагери ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Ҷинани Чин иштирок доранд
Марҳилаи тиллоии парчамдории тоҷику тоҷикистониён аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ сарчашма гирифтааст
«ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН!». Парчами давлатӣ рамзи истиқлолу соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва шарафу номуси миллат аст
Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд