Шарҳи сеҷонибаи маҷмуи лоиҳаҳои сармоягузории аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон маблағгузоришаванда доир шуд
ДУШАНБЕ, 30.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бо иштироки Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода шарҳи сеҷонибаи маҷмуи лоиҳаҳои сармоягузории аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузоришаванда дар семоҳаи сеюми соли 2023 баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи сармоягузорӣ хабар доданд.
Дар ҷаласа намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молия, Бонки Осиёии Рушд, инчунин агентиҳои иҷроия ва татбиқкунандаи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузоришаванда иштирок намуданд.
Таъкид гардид, ки дар айни замон бо малағгузории Бонки Осиёии Рушд дар ҷумҳурӣ 15 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 922,8 млн доллари ИМА дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, обтаъминкунӣ, ирригатсия, экология ва дигар соҳаҳо амалӣ мешаванд.
Вобаста ба амалишавии лоиҳаҳо, дастовард ва мушкилоти ҷойдошта ҳисоботи роҳбарони агентиҳои иҷроия ва татбиқкунандаи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд маблағгузоришаванда шунида шуда, ҷиҳати таъмини саривақтии татбиқи онҳо тибқи ҳадафҳои лоиҳавӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






