Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 05.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.
Президенти Русия Владимир Путин дар оғози суҳбат Сарвари давлати моро бо зодрӯзашон самимона табрик гуфта, таманниёти беҳтарини худро изҳор намуданд.
Сарони давлатҳо дар зимн оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои байнидавлатии ду давлат дар доираи шарикии стратегӣ изҳори назар намуданд.
Ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати андешидани тадбирҳои минбаъда дар ростои пешбурди равобиту ҳамкории созандаи ду давлат таъкид намуданд.
Ҳамчунин атрофи ҷанбаҳои алоҳидаи ҳамкории минтақавӣ ва масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалию минтақавӣ мубодилаи афкор доир шуд.








Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ
Сафари кории Президенти Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия






