Тӯфони «Лидия», ки Мексикаро фаро мегирад, ба дараҷаи чоруми авҷ расидааст

Октябрь 11, 2023 13:11

ДУШАНБЕ, 11.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Суръати шамоли тӯфони «Лидия» ба 220 километр дар як соат расидааст, ки ба дараҷаи чоруми   ҷадвали панҷдараҷагии Саффир-Симпсон мувофиқат менамояд. Инчунин дар соҳилҳои иёлатҳои Халиско ва Наярит мавҷҳои нуҳметра дар назар ҳастанд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус РИА «Новости» бо истинод ба обуҳавошиносони Мексика хабар додааст.

Як рӯз қабл ҳукуматҳои иёлатҳои Ҳалиско, Наярит, Калифорнияи Ҷанубӣ ва Герреро ҳамчун тадбирҳои эҳтиётии пешгирикунанда ҳамаи дарсҳоро дар муассисаҳои таълимӣ бекор намуданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 11, 2023 13:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Индонезия бақайдгирии кӯдакони то 16-соларо дар шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мекунад
Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия уҳдадор мешаванд синни худро тасдиқ намоянд
Австрия нақша дорад, ки дастрасии кӯдакони то 14-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намояд
Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд