ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 октябр, ҷумъа, 293-юмин рӯзи соли 2023 аст

Октябрь 20, 2023 08:00

Дар ин рӯзи соли 2009 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 110-солагии зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

***

20 октябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор шуд.

***

13 сол пеш, 20 октябри соли 2010 дар мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири Раёсати кор бо муассисаҳои молиявии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Ник Тессиман масоили ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардид.

 ***

20 октябри соли 2011 масоили тавсеаи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопон баррасӣ гардид.

***

Соли 2011 дар шаҳри Душанбе муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркия муҳокима шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ дар руҳияи инсондӯстӣ, раҳму шафқат ва бо мақсади бахшидани гуноҳҳо дар арафаи 20-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

20 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ МЕШАВАД:

Рӯзи ҷаҳонии танзимгарони ҳавоӣ.

***

Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди остеопороз.

Октябрь 20, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 сентябр, душанбе, 244-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 август, якшанбе, 243-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 август, шанбе, 242-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 август, ҷумъа, 241-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, панҷшанбе, 240-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 август, чоршанбе, 239-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, сешанбе, 238-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 август, душанбе, 237-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 август, якшанбе, 236-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 август, шанбе, 235-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 август, ҷумъа, 234-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 август, панҷшанбе, 233-юмин рӯзи соли 2025 аст