«Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ». Таҳти ин унвон дар Душанбе мулоқот доир шуд
ДУШАНБЕ, 29.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ» бо иштироки намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тақвияти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон мулоқот баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзӣ хабар доданд.
Дар мулоқот оид ба дастгириву ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон ва муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», татбиқи самтҳои афзалиятноки «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030» ва «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025» изҳори андеша карда шуд.
Дар анҷоми ҳамоиш ба як гурӯҳ ҷавонони фаъоли Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Сипоснома»-ҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави якчанд давлат эътимоднома қабул намуданд
ЭЪЛОН! Бақайдгирии намояндагони воситаҳои ахбори омма барои инъикоси Конфронси сеюми оби Душанбе оғоз шуд






