Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ мавриди санҷиш қарор гирифт

Октябрь 12, 2023 12:09

ДУШАНБЕ, 12.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо вазифаи мақомоти прокуратура набуда, балки саҳм гирифтан дар он ва мусоидат намудан рисолати шаҳрвандии ҳар узви ҷомеа маҳсуб мешавад. Ин нукта зимни баргузории ҷаласае, ки дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, баён шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази милии тестӣ хабар доданд.

Дар ҷаласа намояндаи   Раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд. Зимнан ҳолати риоя ва иҷрои талаботи «Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди санҷиш қарор дода шуд.

Санҷиш фаъолияти Марказро дар самтҳои бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023, ташкилу баргузории ин имтиҳонҳо, додани имтиёзҳо ба гурӯҳҳои дахлдори довталабон, амалишавии озмунҳои тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаву олии касбии ҷумҳурӣ, ҳолати баррасии аризаҳои аппелятсионӣ ва монанди инҳоро дар бар гирифт.

Натиҷаи санҷиш нишон дод, ки фаъолияти Марказ аз лиҳози риояи Тартиби мазкур ва асноду қонунҳои дахлдори дигар хуб аст. Маълум шуд, ки аз ҷониби довталабон ягон аризаи апеллятсионӣ дар бораи вайрон гардидани тартиби муқарраршудаи имтиҳонҳо дар соли 2023 ворид нашудааст.

Аммо, бо вуҷуди ин, баъзе камбудию норасоӣ ё иштибоҳу нуқсонҳо дар самти ИМД ба мушоҳида мерасанд. Аз ҷумла, заъфу нокифоягии корҳои иттилоърасонию таблиғотӣ дар байни довталабон ва волидайни онҳо, иштироки ғайрифаъол ё тамоман иштирок накардани комиссияҳои ҷамъиятӣ дар баъзе аз марказҳои имтиҳонӣ барои назорати раванди имтиҳонҳо, ғалатҳо зимни барасмиятдарории бархе ҳуҷҷатҳо аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки барои беҳтар намудани кор вобаста ба онҳо Марказ бояд чораҷӯӣ намояд.

Директори Марказ иброз дошт, ки ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ба назар гирифтани тавсияву маслиҳатҳои мутахассисони ин соҳаҳо барои баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии кормандон, бартараф намудани камбудию ғалатҳо, минбаъд роҳ надодан ба иштибоҳҳо, такмили низоми ИМД ва дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани ин имтиҳонҳо ба беҳбуди кори Марказ мусоидат менамояд.

АКС: Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 12, 2023 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд