Тоҷикистон ва Беларус дар самти омода намудани мутахассисони варзидаи соҳаи маориф ҳамкориро тақвият мебахшанд

Октябрь 6, 2023 12:00

ДУШАНБЕ, 06.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус дар доираи иштирок дар Форуми дуюми ректорони Беларус ва Тоҷикистон бо Вазири маорифи Ҷумҳурии Беларус Андрей Иванетс  мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот масъалаҳои Нақшаи якҷояи амалишавии Шартнома дар бораи ҳамкорӣ байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Беларус ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти маориф барои солҳои 2023 – 2026, татбиқи амалии лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои гуногуни соҳа, омӯхтани таҷрибаи пешқадам ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсил, омода намудани мутахассисони варзида ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар самти илму маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вазири маориф ва илм иброз дошт, ки ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Беларус дар соҳаи маориф ва илм дар асоси созишномаҳои дуҷониба ба роҳ монда шуда, рӯз то рӯз дар самти таҳсилоти миёна ва олии касбӣ рушд менамояд. Вазири маориф ва илм аз Форуми якуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Беларус ва Тоҷикистон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки соли гузашта байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Беларус ва Тоҷикистон 20 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, ки далели рӯшани рушди ҳамкории дуҷониба аст.

Вазири маорифи Ҷумҳурии Беларус Андрей Иванетс  иброз дошт, ки вохӯрии имрӯза сабаби вусъат пайдо намудани равобити дуҷонибаи минбаъда  мегардад.

Ёдовар мешавем, ки дар ин мулоқот Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро мудири бахши маориф ва илми раёсати маориф ва илми Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Қувватзода ва сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм ҳамроҳӣ менамоянд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 6, 2023 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид