Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро дар самти татбиқи лоиҳаҳои сохтмони роҳ густариш медиҳанд

Октябрь 24, 2023 17:19

ДУШАНБЕ, 24.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо Мушовир оид ба масъалаҳои савдо ва иқтисодии Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сун Хэ вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориро дар лоиҳаҳои сохтмони роҳ дар шаҳри Душанбе ва лоиҳаи Маркази коркарди маълумотро баррасӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки татбиқи Маркази коркарди маълумот мувофиқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ эътимоднокии иттилоотро барои муддати тӯлонӣ кафолат медиҳад.

Дар фарҷоми вохӯрӣ саҳми Ҷумҳурии Мардумии Чин дар таҳкими рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шаҳри Душанбе назаррас арзёбӣ гардид.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Октябрь 24, 2023 17:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад