Тоҷикистон ва Корея ба гузаронидани таҳқиқот дар самти инфрасохтори роҳу нақлиёт омодагӣ мебинанд

Октябрь 21, 2023 13:27

ДУШАНБЕ, 21.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода бо намояндаи Институти нақлиётии Ҷумҳурии Корея Ҳон Ки Ли вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар дод.

Зимни мулоқот масъалаҳои амалӣ намудани ҳамкории ҳамаҷониба байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Институти нақлиётии Ҷумҳурии Корея мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷараёни музокирот таваҷҷуҳи хос ба масъалаҳои омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳавӣ, мубодилаи таҷриба ва гузаронидани таҳқиқот дар самти инфрасохтори роҳу нақлиёт зоҳир шуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ мубодилаи афкори судманд анҷом доданд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Октябрь 21, 2023 13:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд