10 НОЯБР – РӮЗИ КОРМАНДОНИ МИЛИТСИЯ. Паёмҳои Президенти Тоҷикистон таҳкимбахши фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ мебошанд

Ноябрь 10, 2023 08:21

ДУШАНБЕ, 10.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» таҳия гардида, ҳоло дар баррасӣ қарор дорад. Лоиҳаи ин қонун аз 11 боб ва 73 модда иборат буда, мафҳумҳои асосӣ, асосҳои ҳуқуқии фаъолият, сохтори ташкиливу ҳуқуқӣ, самтҳои асосӣ ва принсипҳои фаъолият, сохтори политсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавқеи он дар низоми мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва тамоюли ҳамкории политсия бо ҷомеаро муайян намуда, тартиби қабул ба хизмат, адои хизмат, таъмини кафолатҳои давлатии ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ, инчунин тартиби таъминоти молиявӣ, моддию техникӣ ва назорати фаъолияти политсияро ба танзим медарорад. Чунин нигоштааст  мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, мушовири хизмати давлатии дараҷаи 1 Фирӯз Сайнозимзода  дар мақолаи бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик  ба унвони АМИТ «Ховар» ирсолнамудааш. Дар зер матни пурраи мақолаи мазкурро меорем:

— Дар назар аст, ки бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»,  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» аз эътибор соқит дониста мешавад. Матни пурраи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» дар сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир мебошад.

Бояд гуфт, ки мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати мамлакат ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мамлакат амалӣ менамояд.

 Яке аз ҳуҷҷатҳои расмӣ ва санадҳои муҳимми сиёсӣ-ҳуқуқие, ки ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ, хусусан мақомоти корҳои дохилӣ тақвияту таҳким мебахшанд, ин паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» мебошанд, ки ҳамасола дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мешаванд.

Президенти  мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳо ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои ҷамъиятию давлатӣ, таъмини тартибот ва бехатарии ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва дар маҷмуъ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, минҷумла, мақомоти корҳои дохилӣ дастуру супоришҳо медиҳанд.

Сарвари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 апрели соли 2008 таъкид намуданд, ки «фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдори мамлакат ба таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, пешгирӣ ва муборизаи қатъӣ бар зидди ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои хатарноки муосир терроризм, экстремизм, хариду фурӯши одамон, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромиллӣ нигаронида шудааст».

Дар Паёми  дигари Президенти мамлакат  аз 20 апрели соли 2012 зарур шуморида шуд, ки бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, такмили сохтори он, мутобиқ намудани фаъолияти мақомот ба талаботи замони муосир ва меъёрҳои асноди ҳуқуқи байналмилалӣ, инчунин наздик намудани фаъолияти мақомот бо ҷомеа «Барномаи ислоҳоти милитсия» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» таҳия ва пешниҳод шаванд. Дар натиҷа бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2013 «Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020» тасдиқ шуд.

Ин стратегия ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадаф, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи миёнамуҳлат анҷом медиҳад, инъикос менамояд. Ислоҳот ба он равона гардидааст, ки дар шуури ҷомеа симои иҷтимоии куллан нави корманди милитсияе, ки аз амалҳои коррупсионӣ холӣ аст ва ҳадафаш мусоидат намудан ба шаҳрвандон аст, ташаккул дода шавад.

Вобаста ба эҳтиёҷоти ҷомеа ва милитсия дар ҳама марҳилаҳои давраи ислоҳот вазифаҳои стратегии асосӣ инҳо: баланд бардоштани сатҳи таҳсил ва маҳорати касбии ҳайати шахсӣ бо роҳи ҷорӣ намудани системаҳои пешрафтаи таълим, тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кормандон; тақвият додани ҳамкории мутақобила бо аҳолӣ, ҳалли мушкилот, пешгирии ҷиноят ва мувофиқан баланд бардоштани боварии ҷомеа ба милитсия;  ихтисори такроршавии функсияҳо; таҷдиди сохтори ташкилию идоракунӣ; ба дигар идораҳо таҳвил додани функсияҳои ба милитсия хоснабуда; коҳиш додани хатар ва омилҳои коррупсионии ҷойҳои корӣ ва мансабҳо; беҳтаргардонии сатҳи маблағгузорӣ, аз ҷумла пардохти музди меҳнати кормандони милитсия бо назардошти муҳиммият, хавфнокӣ, мураккабӣ ва вазнинии вазифаҳои аз тарафи ӯ иҷрошаванда ва такмили асосҳои қонунгузорӣ иборат мебошанд.

Афзун бар ин, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014 Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 тасдиқ шуд, ки дар он мақсад ва вазифаҳои барнома, ислоҳоти ҳуқуқӣ, сиёсати кадрӣ, такмили низоми таҳсил дар муассисаҳои таҳсилотии Вазорати корҳои дохилӣ, такмили сохтор, ҳамкорӣ бо ҷомеа, таъмини кафолати риояи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, ташкили низоми нави пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, рушди соҳаи иттилоотонӣ, гардиши ҳуҷҷатҳои электронии идоравӣ ва байниидоравӣ, истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон, ҳамкории байналмилалӣ, кафолати ҳимояи иҷтимоию ҳуқуқӣ, назорат ва назоратбарии кори милитсия, механизм ва назоратбарии татбиқи барнома ва дигар масъалаҳои марбут ба он танзим гардид.

Ҳамчунин Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 23 апрели соли 2014 низ мақомоти корҳои дохилӣ барои таҳияи лоиҳаи қонуни дахлдор муваззаф мегардад. Чунончи, Президенти мамлакат дар ин Паём Прокуратураи генералӣ ва Вазорати корҳои дохилиро вазифадор намуданд, ки ҷиҳатҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоии содиршавии ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳоро аз ҷониби ноболиғон ҳамаҷониба омӯхта, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи асосҳои низоми огоҳкунӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат манзур созанд. Дар натиҷа, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон» тибқи тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия қабулу ҷонибдорӣ ва 2 январи соли 2020 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гардид. Қонун аз 4 боб ва 29 модда иборат буда, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон танзим менамояд.

Мақомоти корҳои дохилӣ дар доираи ваколатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро оид ба огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғон амалӣ менамояд. Зимнан, дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ тағйирот ворид гардида, Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд. Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонон ва сохторҳои он дар раёсату шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дорои ваколатҳои зерин: амалӣ намудани корҳои умумӣ ва инфиродии пешгирикунанда; андешидани тадбирҳо нисбат ба ноболиғоне, ки дар кофтуков ё дар ҳолати номусоиди иҷтимоӣ қарор доранд ва бо тартиби муқарраршуда фиристонидани онҳо ба субъектҳо ё муассисаҳои дигари низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғон; баррасии арзу шикоятҳои ноболиғон ва падару модар вобаста ба вайронкунии ҳуқуқу озодиву манфиатҳои қонунии ноболиғон ва ғайраҳо мебошанд.

Яке аз самтҳои дигари фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ муқовимат ба терроризм ва экстремизм мебошад. Президенти  мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати Рӯзи кормандони милитсия 10 ноябри соли 2018 чунин иброз доштанд: «Ман андешаҳоямро доир ба хатари терроризму экстремизм дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ ва дигар мулоқоту суханрониҳо борҳо таъкид намудаам… Фақат бори дигар таъкид месозам, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бояд якҷо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ба муқобили ин хатар муборизаи қотеъона ва беамон баранд, яъне вазифаҳои хизматии худро поквиҷдонона ва содиқона иҷро намоянд».

Президенти мамлакат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2016 таъкид  намуданд, ки: «вазъи бамиёномада фароҳам овардани заминаҳои дахлдори ташкиливу ҳуқуқӣ ва фазои оштинопазирро бо экстремизм ва терроризм дар сатҳи барномаи стратегии давлат тақозо дорад. Аз ин лиҳоз, ба Прокуратураи генералӣ супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ ҳарчи зудтар Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 таҳия ва пешниҳод намояд».

Ҳамчунин ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани муқовимат ба истифодаи шабакаи интернет бо мақсадҳои экстремистӣ ва террористӣ Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ ва дигар мақомоти дахлдор вазифадор гардиданд, ки оид ба масъалаи таъсиси маркази мубориза бар зидди ҷиноятҳо бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва кибертерроризм ба Ҳукумати мамлакат пешниҳоди асоснок манзур намоянд.  Ҳамин тавр, ҷиҳати амалӣ намудани муқаррароти ин Паём бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016 «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 – 2020» тасдиқ гардид. Стратегия ҳамчун санади дорои хусусияти барномавӣ мақсаду вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуд. Ҳамзамон дар чаҳорчӯбаи тақвияти мубориза бо кибер-экстремизм дар сохторҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ воҳидҳои (шуъбаҳои) мубориза бо ҷиноятҳои алоқаманд ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ-телекоммуникатсионӣ таъсис дода шуданд.

Бо мақсади пурзӯр намудани муқовимат ба экстремизм дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 26 декабри соли 2018 Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ муваззаф гардиданд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлия ҷиҳати такмили заминаҳои ҳуқуқии пешгирӣ намудани экстремизм ва таҳияи тарзу усулҳои муосири муқовимат бо ин зуҳурот лоиҳаи Қонун «Дар бораи муқовимат ба экстремизм»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Ҳамин тавр, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» тибқи тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия қабулу ҷонибдорӣ шуда, 2 январи соли 2020 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гардид. Қонун фарогири 6 боб ва 30 модда буда, асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба экстремизмро бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Президенти  мамлакат  дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 доир ба амалҳои мудҳиши террористӣ ва таҳдиди ҷиддии терроризм ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният сухан намуда, таъкид ба амал оварданд, ки шарти муҳимми ба даст овардани муваффақият дар мубориза бо терроризм ва экстремизм фаъолияти ҳамоҳангшудаву босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тақвияти заминаҳои ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти онҳо дар ин самт мебошад.

Дар ҳамин Паём аз қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» (аз 16 ноябри соли 1999) ёдоварӣ шуда, вобаста ба талаботи замон масъалаи такмил додани он таъкид гардид ва дар ин замина вазоратҳои адлия ва корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Прокуратураи генералӣ муваззаф шуданд, ки лоиҳаи ин қонунро дар таҳрири нав таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Ҳамин тариқ, барои иҷрои талаботи ин Паём Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» тибқи муқаррароти Конститутсия қабулу ҷонибдорӣ гардида, 23 декабри соли 2021 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Қонун аз 12 боб ва 46 модда иборат буда, принсипҳои асосии муқовимат ба терроризм, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии пешгирии терроризм ва мубориза ба он, роҳу усулҳои бартараф намудани оқибатҳои амали террористиро бо мақсади таъмини бехатарии шахс, ҷамъият ва давлат, ҳифзи соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Тибқи банди 2 моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» ва сархати дуюми моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» яке аз субъектҳои ба терроризм ва экстремизм бевосита муқовиматкунанда Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Дар қонунҳои гуфташуда ваколатҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар самти муқовимат ба терроризм ва экстремизм пешбинӣ ва мушаххас гардидаанд.

Ҳамин тариқ, метавон хулоса намуд, ки паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» маҷмуан, дар беҳтар намудани вазъи иҷтимоӣ ва таҳкиму тақвият бахшидани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хусусан мақомоти корҳои дохилӣ нақши муҳим доранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 10, 2023 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Камбоҷа аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва нақши он дар таъмини ҳамзистии сиёсӣ-иҷтимоӣ ёдовар шуданд
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар конфронси байналмилалӣ дар Туркманистон иштирок намуданд
Оид ба иҷрои Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ муҳокимаи парлумонӣ доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо сенатори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Стив Дейнс мулоқот намуд
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи 57-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ иштирок намуданд
Дар Маҷлиси намояндагон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад