17 НОЯБР-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Тибқи Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» 400 ҷавони Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат таҳсил намудаанд

Ноябрь 17, 2023 14:26

ДУШАНБЕ, 17.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 2009 инҷониб тариқи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Дурахшандагон» беш аз 400 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат таҳсил намудаанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки 17 ноябр ҳамасола дар бисёре аз мамлакатҳои ҷаҳон Рӯзи байналмилалии донишҷӯён (International Students’ Day) гузаронида мешавад.  Дар  Тоҷикистон низ дар баробари дигар давлатҳо ин санаро бо баргузории ҳамоишу конференсияҳо мегузаронад. Аз ҷумла, дар доираи таҷлили ин сана ҳамасола  «Ҳафтаи  таҳсили байналмилалӣ» доир мегардад.

Ҳукумати Тоҷикистон давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати таъмин намудани шароити мусоиди таълиму тарбия ва зиндагии шоистаи наврасону ҷавонон – насли ояндасози миллат ва Ватани азизамон тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида, ин равандро бомаром идома медиҳад. Ҳамин аст, ки ҷавонони тоҷик на танҳо дар дохили мамлакат, балки берун аз он ҳам таҳсили илм менамоянд.

Аз ҷумла, дар ин давра беш аз 130 созишнома ва барномаҳои ҳамкории байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар соҳаи маориф, илм ва техника бо давлату ташкилоти хориҷӣ ба имзо расонида шудаанд. Дар асоси ин санадҳо зиёда аз 40 ҳазор шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи ихтисосҳои барои иқтисодиёти миллии мамлакат зарурӣ дар 38 давлати ҷаҳон таҳсил менамоянд.

Соли 2008 дар назди Вазорати маориф ва илм Маркази барномаҳои байналмилалӣ таъсис дода шуд. Дар ин замина марказ бо мақсади тайёр намудани мутахассисони сатҳи байналмилалӣ аз рӯйи он ихтисосҳое, ки дар мамлакат омода намешаванд ва рушди иқтисодиёти мамлакат ба онҳо ниёз дорад, соли 2009 Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Дурахшандагон»-ро созмон дод.

Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар робита ба таъсис додани муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ ва соҳибмаълумот намудани ҷавононе, ки ба гирифтани маълумоти касбӣ рағбат доранд, корҳои назаррас анҷом  шудаанд.

Аз ҷумла, 23 муассисаи таълимии касбии ғайридавлатӣ фаъолият доранд, ки ба онҳо донишҷӯёни зиёде аз рӯйи 5 самт – тиббӣ, омӯзгорӣ, техникӣ, технологӣ ва фарҳанг ҷалб гардидаанд. Инчунин дар ҷумҳурӣ 86 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият менамоянд, ки нисбат ба соли 1991  41 адад (53%) зиёд буда, дар онҳо аз рӯйи 9 равия (тиббӣ, омӯзгорӣ, аграрӣ, фaрҳанг, техникӣ, технологӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқ ва варзиш) мутахассисон омода мешаванд. Бояд гуфт, ки шароит дар ин шакли муассисаҳо тадриҷан ба низоми муосири таълим мувофиқ мешавад ва донишҷӯён дар онҳо соҳибкасб ба камол мерасанд.

Ҳамзамон дар давраи соҳибистиқлолӣ зинаи таҳсилоти олии касбии мамлакат аз ҷиҳати теъдод зиёд шуда, аз ҷиҳати сифат такмил ёфт. Агар дар соли таҳсили 1991-1992 дар ҷумҳурӣ 13 мактабӣ олӣ фаъолият дошт, ин рақам ҳоло ба 46 муассисаи олӣ ва беш аз 220 ҳазор донишҷӯ расидааст, ки ба омӯзиши донишҳои замонавӣ ҷалб шудаанд.

Ҳукумати мамлакат ба масъалаи таълими забонҳои хориҷӣ низ диққат дода, ҷиҳати такмили омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои чанд марҳила барномаҳои давлатӣ қабул намуд.

Дар айни замон Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030, ки иҷрои он аз моҳи январи соли 2021 шуруъ гардидааст, идома дорад.

Сарвари давлат зимни ҳар вохӯрию суҳбатҳояшон аз донишҷӯён даъват ба амал меоваранд, ки барои аз худ намудани забонҳои хориҷӣ талош намоянд, зеро рушди давлат аз кадрҳои босаводу забондон вобаста аст.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо иброз доштаанд, «…дар шароити муосир ноил гардидан ба дастовардҳои илму техника ва технологияҳои нав ва баробар бо ҷомеаи пешрафтаи башар қадам гузоштан бидуни аз худ намудану хуб донистани забонҳои хориҷӣ бисёр мушкил ва ҳатто ғайриимкон мебошад».

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/ манбаъҳои боз

 

Ноябрь 17, 2023 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия факултети журналистика ва медиакоммуникатсия ба фаъолият шуруъ менамояд
ДИПЛОМАТИЯИ СУЛҲОФАРИНИИ ТОҶИКИСТОН: АЗ ТАҶРИБАИ МИЛЛӢ ТО ТАШАББУСИ ГЛОБАЛӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Маркази миллии тестӣ: аз 11 то 13 август озмуни тақсимоти такрорӣ баргузор мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба узвияти Донишгоҳи СҲШ пазируфта шуд
Оид ба омодасозии мутахассисони соҳаи кӯҳкорию металлургия форуми ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Дар вилояти Хатлон 50 муассисаи нави таълимӣ ба истифода дода шуд
Истифодаи зеҳни сунъӣ ва BIG DATA дар биоинформатика, физика ва модели иқлим баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даҳ ихтисоси нав таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон аз рӯи 55 ихтисос мутахассиси соҳаи кишоварзӣ омода карда мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар беш аз 400 нафар ҷавонон тибқи квотаи президентӣ таҳсил менамоянд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ расман дар пойгоҳи байналмилалии илмии SCOPUS ба қайд гирифта шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон донишҷӯён аз 32 давлати ҷаҳон таҳсил доранд