ҚАҲРАМОНОН НАМЕМИРАНД! Дар Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Рӯдакӣ муҷассамаи Спитамен гузошта шуд
ДУШАНБЕ, 04.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 26 октябр бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Рӯдакӣ баъди таҷдиду навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Сарвари давлат дар маркази боғи мазкур аз болои муҷассамаи қаҳрамони халқи тоҷик Спитамен парда бардоштанд.
Муҷассамаро дар боғ ба хотири гиромидошти хотираи қаҳрамони халқи тоҷик Спитамен дар роҳи истиқлолу озодӣ гузоштаанд, то барои ҷавонону наврасони мо дар дўст доштани Ватан ва хизмати содиқона ба он намунаи ибрат бошад.
Муборизаи Спитамен барои истиқлол ва озодӣ дар саҳифаҳои таърихи гузаштаи тоҷикон бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст.
Баландии муҷассамаи навбунёд 12 метр буда, он аз тарафи ҳайкалтарош Хуршед Ҳусейнов бо маҳорати баланд сохта шудааст.
Майдони назди муҷассама 750 метри мураббаъро ташкил дода, барои баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ мусоид мебошад. Атрофи муҷассама пурра сафолакпӯш ва сабзазор аст.
Дар қисми шимолии Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Рӯдакӣ гӯшаи қаҳрамонони ҷангу меҳнат ташкил гардида, нимпайкараи шахсиятҳои маъруф ва лавҳаҳои хотиравӣ гузошта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ба хотири арҷ гузошта ба қаҳрамонии ин фарзанди шуҷои тоҷик яке аз ноҳияҳои вилояти Суғд ба номи ў- Спитамен (собиқ ноҳияи Нов) гузошта шудааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид






