Ҷаласаи дувоздаҳуми Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия доир гардид
ДУШАНБЕ, 02.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 1 ноябр дар Муассисаи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе ҷаласаи дувоздаҳуми Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар кори ҷаласа аъзои Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия аз ҳарду ҷониб, намояндагони якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон ва Русия, кормандони дастгоҳҳои палатаҳои болоии парламентҳои ду давлат ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.
Дар оғози ҷаласа ҳамраисони Комиссия оид ба ҳамкорӣ — муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Николай Журавлёв сухан гуфтанд.
Таъкид гардид, ки мулоқоту ҳамоишҳои парламентӣ, аз ҷумла ҷаласаи имрӯзаи Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия ба тавсеаи муносибатҳои ду ҷониб дар самтҳои калидии ҳамкорӣ такони тоза мебахшад.
Дар ҷараёни кори ҷаласа тибқи рӯзномаи он доир ба вазъи имрӯза ва дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар соҳаҳои илму маориф, иқтисоду саноат, афзалияти ҳамкории тарафайн дар бахши комлекси агросаноатӣ, масъалаҳои мубрами ҳамкории минбаъдаи ду давлат дар соҳаи сайёҳӣ ва сиёсати ҷавонон, инчунин дигар масъалаҳои муҳим мубодилаи афкор доир шуд.
Аз рӯи масъалаҳои дигари рӯзномаи ҷаласа лоиҳаи Нақшаи кори Комиссия барои соли 2024, инчунин вақт ва макони баргузории ҷаласаи сенздаҳуми Комиссия баррасӣ гардид.
Вобаста ба масъалаҳои дар ҷаласаи дувоздаҳуми Комиссия баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул шуданд.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






