БА ЗЕРИ ПАРЧАМИ ТУ САФ КАШИДАЕМ! Парчами давлатӣ дар қалби ҳар як шаҳрванд ғурури миллиро бедор месозад

Ноябрь 24, 2023 15:25

ДУШАНБЕ, 24.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Инсоният дар таърихи  дарозмуддат вобаста ба таъсири вазъу ҳолатҳои гуногун ба ҳадафҳо ва азму иродааш рамзҳои зиёде эҷод ва корбаст намудааст. Дар ин қатор Парчам ҳамчун рамз таърихи рангинтаре дорад. Бостоншиносон истифодаи онро ҳанӯз дар солҳои то милод таъкид ва собит намудаанд.  

Муҳаққиқон бар ин назаранд, ки барои ҳамчун рамзи давлатӣ пазируфта шудани парчам соҳаи ҳарбӣ нақши муҳим бозидааст. Аз аҳди бостон парчам ифодагари маркази лашкар, мавқеи сарлашкар ва нерубахшу ҳидоятгари сарбозон ба пирӯзӣ будааст.

Парчамдор аз ҳисоби сарбозони далеру шуҷоъ ва матинирода пазируфта мешуд. Парчам ифодагари шарафу қудрат ва нангу номуси лашкар буд. Забти парчами ҳар лашкар аз ҷониби лашкари дигар маънои пирӯзӣ бар онро дошт. Фориғ аз сафкашию ҳарб парчами лашкар ба таври доимӣ аз ҷониби гурӯҳе аз сарбозон назорат ва ҳимоят мешуд ва ин анъана то ба имрӯз боқӣ аст.

Дар таърихи миллати тоҷик таърихи парчам ва фарҳанги парчамдорӣ ба ҳикояи басе ҷолибу ҷозиби  «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсии бузург ҳамбастагӣ дорад ва ин ҳикоятро ҳама хурду калони Тоҷикистон хуб медонанд. Бино бар он, Коваи оҳангар аз зулму истибдоди Заҳҳоки морон, ки дар радифи ҷавонони зиёди мамлакат  ҳабдаҳ писари ӯро низ тӯъмаи моронаш намуда буд, ба дод омада, ба рағми Заҳҳоки хунхор мешӯрад ва пешбанди чармии хешро бар сари найза кашида, халқро ба шӯриш даъват менамояд ва дар ниҳоят ба пирӯзӣ мерасад. Ба ин васила шоҳ Фаридун ба сари тахт меояд ва он пешбанди Коваи музаффарро «Дирафши Ковиёнӣ» ном ниҳода (аз номи Кова), бо зару зевар меорояд ва муқаддас эълон менамояд. Баъд аз ин ҳодисаи таърихӣ парчам ба рамзи пирӯзӣ ва баъдан ба рамзи давлатдорӣ табдил ёфт. Ва ҳар шахсе, ки ба қудрат мерасиду кулоҳи сарварӣ ба сар мениҳод, парчамро азиз медошт ва баланд меафрохт. «Дирафши Ковиёнӣ» садсолаҳо мояи ифтихору ғурур ва илҳомбахши пирӯзиҳои ворисони Фаридун, яъне аҷдодони ифтихорманди мо будааст.

Парчам бо гузашти айём ҳамчун рамз ончунон мавқеи устувор пайдо намудааст, ки имрӯз ҳеҷ давлатеро наметавон бе он тасаввур намуд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии Иҷлосияи тақдирсоз дар Қасри Арбоб таъкид намуданд: «Давлати  соҳибистиқлоли мо бар асари бесарусомонӣ ва кашмакашҳои дохилӣ беш аз як сол рамзҳои давлатдории худ, аз ҷумла Парчами давлатӣ надошт. Яъне мо Конститутсия, Суруди миллӣ ва Парчаму Нишони давлати соҳибистиқлоламонро надоштем. Бинобар ин, ман ҳамеша таъкид менамоям, ки раванди давлатсозии мо маҳз аз ҳамин иҷлосия оғоз гардид ва аз ин лиҳоз, 30-солагии ин рӯйдоди тақдирсоз барои мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни дар ҳақиқат бузург ва таърихӣ ба ҳисоб меравад».

Вакилони мардумӣ дар иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли масъулият дар баробари рамзҳои дигари давлатӣ: Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ дар  пазириши тарҳу намуди Парчами давлатии Тоҷикистони тозаистиқлол баҳс ороста, табодули афкор намуданд, мулоҳизоти мутахассисонро ба инобат гирифтанд ва ниҳоят «Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд. Ҳамин тавр, 24 ноябри соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон расман соҳиби аввалин рамзи давлатӣ ва соҳибистиқлолии худ – Парчами давлатӣ гардид, ки ба ин рӯйдоди муҳими таърихӣ 31 сол пур мешавад.

12 майи соли 2007 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Қонун моҳият ва тартиби истифодаи расмии Парчам, Нишон ва Суруди миллиро муқаррар намуда, эҳтироми волои Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва тарзи муносибат ба ин муқаддасоти миллиро инъикос менамояд.

Аз соли 2009 инҷониб бо ибтикори Президенти мамлакат 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ эълон гардид ва ин рӯзи муборак ҳамасола бо шукуҳу тантана таҷлил мегардад. Ин санаи фархунда ифодагари ифтихору эҳтироми мо нисбат ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ аст. Парчаме, ки ҳастии давлати моро, ифтихори миллии моро ифода менамояд, парчаме, ки гувоҳи барҷастаи истиқлолияти давлатии мо, таҷассуми ғурури миллӣ ва ору номуси ватандории мо аст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Парчами давлатӣ бо камоли эҳтирому эътиқод чунин иброз доштаанд: «Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдори муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Дар ин росто, набояд фаромӯш намуд, ки муҳаббат ба Парчам ва дигар рамзҳои давлатӣ нишонаи муҳаббати самимии мо ба Ватан-Модар, миллату давлат ва ифтихор аз онҳо ҷузъи муҳимми рисолати ватандориву ватансозӣ ба ҳисоб меравад».

Воқеан ҳам парчами Тоҷикистон таҷассумгари ватандӯстиву ватанпарастӣ, шуҷоату рафоқат, сулҳу ваҳдат, ғурури ватандорӣ ва ҳимояти марзу буми мамлакат мебошад.

Парчами мо дар замони истиқлолияти давлатӣ василаи асосии таҳкими ваҳдати миллӣ, роҳнамои мардуми мамлакат ба сӯи ояндаи нек ва нишонаи побарҷо будани давлати соҳибистиқлоли мо дар арсаи ҷаҳон гардидааст.

Хусусан, дар пояи баландтарин парафшон намудани Парчами давлатӣ рамзи ифтихору садоқат ба арзишҳои миллӣ ва фарҳанги асили куҳанбунёдамон мебошад, ки маҳз дар замони истиқлол ба вуқӯъ пайваст.

Мояи ифтихору сарфарозӣ аст, ки 30  августи соли 2011 бо иштироки Пешвои миллат маросими бардоштани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе рӯи пояи устувор бо баландии 165 метр, ки дар ҷаҳон яке аз баландтарин парчамҳо ба ҳисоб меравад ва он ба китоби “Рекордҳои Гиннес” дохил шудааст, баргузор шуд.

Бо шунидан ва ба забон овардани вожаҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Президент ва марзу буми воҳиди Тоҷикистон касро беихтиёр ҳисси меҳанпарастию ифтихор аз Ватан фаро мегирад ва ин эҳсосоти гарм ҳар сокини мамлакатро ба ояндаи дурахшон роҳнамоӣ месозад. Зимнан ҳар фард ифтихор дорад, ки парчами давлатии мо дар арсаи ҷаҳонӣ баробар бо парчами халқҳои мухталифи дунё дар пештоқи ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳон парафшонӣ менамояд. Ба оламиён аз мавҷудияти миллати соҳибтамаддуни тоҷик ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол паём мерасонад. Таҳти ҳамин парчам халқи тоҷик истиқлолияти хешро устувору пойдор сохт, зери ҳамин парчам саф кашида, созандагӣ менамояд ва дар эъмори давлати дунявию ҳуқуқбунёд ба комёбиҳои беназири таърихӣ мушарраф мегардад.

Варзишгарони тоҷик шахсони хушбахт ҳастанд, ки ба шарофати  ғолибияташон Парчами Тоҷикистон  баланд мешавад, Суруди миллӣ садо медиҳад ва онҳо ҳамчун намояндагони Тоҷикистон муаррифӣ мешаванд. Ифтихоре, ки дар он лаҳза вуҷуди ҳамаро фаро мегирад, тасвирнашаванда аст.

Раъно БОБОҶОНИЁН,
вакили Маҷлиси намояндагон,

Абдураҳмон ХОНЗОДА,
роҳбари Дастгоҳи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 24, 2023 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Истиқлоли давлатӣ — волотарин дастоварди миллати тоҷик
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ. Дар Тоҷикистон чор Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиётӣ амалӣ мешавад
САЛОМАТИИ МИЛЛАТ — БОИГАРИИ АСОСИИ ДАВЛАТ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии бемориии гепатит чораҳои мақсаднок андешида мешаванд
ЧАРО БАСТАНИ ТАСМАИ БЕХАТАРӢ ШАРТ АСТ? Истифодаи он кафолати бехатарии ҳам ронанда ва ҳам мусофир аст
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МЕТАЛЛУРГӢ. Барои таъмини рушди соҳа омода намудани кадрҳои баландихтисос зарур мебошад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Он марҳилаи нави рушди ҷомеа хоҳад гашт
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Пиёзро чӣ тавр барои зимистон захира намоем?
СИЁСАТИ НИҲОЛШИНОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Яке аз сабабҳои зиёд омадани селобҳои зиёд нестшавии дарахтон дар кӯҳҳову баландиҳои назди маҳалҳои зист мебошад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли моҳӣ ба кам гардидани вазни бадан мусоидат менамояд
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК». Мулоҳизаҳои доктор ва номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар хусуси навгониҳо ва афзалиятҳои ҳуқуқии ин қонун
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ба таҳкими волоияти қонун мусоидат мекунад
МОҲИПАРВАРӢ АЗ ҶИҲАТИ ДАРОМАДНОКӢ ДАР ҶОЙИ АВВАЛ МЕИСТАД. Бадахшон метавонад дар парвариши гулмоҳӣ пешсаф гардад