Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки беш аз 800 нафар роҳпаймоӣ доир шуд
![](https://khovar.tj/wp-content/uploads/2023/11/Ruzi-Parcham-dar-Mastchoh.jpg)
ДУШАНБЕ, 24.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар маркази ноҳияи Мастчоҳ – шаҳраки Бӯстон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон беш 800 нафар сокинони касбу кори гуногун, собиқадорони меҳнат, варзишгарон ва ҷавонон ҷамъ омада, роҳпаймоӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад.
Роҳпаймоӣ аз назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ оғоз шуда, то Қасри фарҳанги ноҳия идома ёфт.
Бояд гуфт, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ буда, рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи нек маҳсуб мешавад. Парчами миллат дар қатори дигар муқаддасот рамзи давлату давлатдорӣ ва нангу номуси миллӣ низ мебошад.
Се даҳсола инҷониб мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парчами сулҳу ризоият ва ливои шарафу ватандӯстиро баланд бардошта, ба комёбиҳои беназиру барҷаста ноил гардиданд, ки моро ба сӯйи фардои мунаввару саодатманд ҳидоят месозанд.
Месазад, ки сокинони сарбаланди ноҳия барои дар руҳияи баланди ватандӯстӣ ва арзишҳои миллию давлатӣ тарбия намудани фарзандону пайвандонашон аз сидқи дил талош варзида, барои пешрафту ободии Тоҷикистон содиқона саҳм гузоранд.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ