Байни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Свердловск Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Ноябрь 29, 2023 16:10

ДУШАНБЕ, 29.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати дарҳои кушод Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва вилояти Свердловски Федератсияи Русия баргузор  шуд. Дар доираи форум Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вилояти Свердловски Федератсияи Русия оид ба амалисозии муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, илму техника, иҷтимоиёту гуманитарӣ ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ва губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Русия Евгений Куйвашев суҳбати дуҷониба анҷом дода,  ҷиҳати рушд додани соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ байни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Свердловски Федератсияи Русия ибрози андеша намуданд.

Бояд гуфт, ки  бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи роҳбарони ду давлат- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ байни тамоми шаҳру вилоятҳои Тоҷикистон ва Русия  сол ба сол рушд ёфта, ба сатҳи сифатан нав баромад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Ноябрь 29, 2023 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид