«БО БАЛАНДИЯТ САРИ МОРО ҲАМЕДОРӢ БАЛАНД…». Аввалин қадамҳои Сарвари навтаъйини Тоҷикистон ба ҷониби Парчами миллӣ гузошта шуда буданд

Ноябрь 24, 2023 16:20

ДУШАНБЕ, 24.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 24 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса ва эҳсоси сарбаландӣ аз гузаштаи пурифтихори миллати тамаддунпарварамон таҷлил мегардад.

Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло дар мавриди арҷгузорӣ ба Парчами давлатии Тоҷикистон хотироти худро чунин оғоз намудааст:

— Вақте ки Сарвари Тоҷикистони навин Эмомалӣ Раҳмон бо амри тақдир дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои олӣ, дар Қасри Арбоб қомат боло намуда, бо як овоз аз ҷониби ҳамагон Сарвари мамлакат эълон гардиданд, аввалин қадамҳояшон ба ҷониби Парчами миллӣ гузошта шуд ва бо бӯсидани Парчам ва ба чашму рӯ молидани он, бо арҷгузорӣ ба он фаъолияти худро ҳамчун Сарвари ин давлати соҳибтамаддун ва ин халқи некманиш оғоз бахшиданд. Ин худ гувоҳи хиради зотии Сарвари давлати тоҷикон, гувоҳи огоҳии он кас аз суннатҳои миллии мардуми тоҷик буд.

Яъне, арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ, ба мардуми мо ҳанӯз аз лаҳзаҳои аввалини оғози эҳёи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ин сарзамини таърихии тамаддунофар шуруъ гардид. Имрӯз Парчами миллӣ яке аз бузургтарин муқаддасоти мо аст, ки дар тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон, дар баландиҳои муҳаббату садоқати халқи ватандӯсти мо партавафшонӣ менамояд.

Мо, тоҷикон имрӯз шояд бештар аз мардуми дигари олам ба Парчами миллиамон арҷ мегузорем, ба ифтихори он ки Парчами миллии мо аз аввалин парчамҳо дар таърихи инсоният ва оини парчамдорӣ дар рӯи замин аст. Ва ифтихори мо боз ҳам бештар аз он аст, ки Парчами нахустини миллии мо, ки ҳазорон сол пеш боло бардошта шуда буд, парчами одӣ набуд, балки Парчами адлу дод буд, Парчаме буд бардошта бар алайҳи зулму истибдод, яъне ин Парчам парчами адолату инсоф дар рӯи замин буд.

Ва тасвири пайдоиши онро ҳаким Абдулқосим Фирдавсӣ дар “Шоҳнома”-и безаволи худ чунин додааст:

Чу Кова бурун омад аз пеши шоҳ,
Бар ӯ анҷуман гашт бозоргоҳ.

Ҳаме бархурӯшиду фарёд хонд,
Ҷаҳонро саросар сӯйи дод хонд.

Аз он чарм, к-оҳангарон пушти пой
Бипӯшанд ҳангоми захми дарой,

Ҳамон Кова он бар сари найза кард,
Ҳамон гаҳ зи бозор бархост гард.

Ва мо, ворисон бояд мадюни қаламу закои Фирдавсии бузург бошем, ки ин лаҳзаҳои бебаҳои таърихро ҷовидонӣ гардониду имрӯз ин навиштаҳо ҳуҷҷати таъихии парчамдории мо гардидаанд.

Аммо таърих гувоҳ аст, мо миллате ҳастем, ки Парчами худро ҳаргиз на барои ҷангҳову хунрезиҳо боло намудаем, Парчами миллии мо ҳамеша рамзи сулҳ ва ишқу дӯстӣ, адлу дод, рамзи ҳаёти осоиштаву амнияти халқамон будаасту ҳаст. Имрӯз ҳам ин Парчам ба нишони сиёсати хайрхоҳона ва башардӯстонаи давлати мо таҳти роҳбарии Президенти Тоҷикистон, ба нишони пирӯзиҳо дар майдонҳои осоиштаи мусобиқоти байналмилалӣ, ба шарафи пирӯзиҳои илмиву ҳунарии фарзандони баори халқи некӯсириштамон бардошта мешавад.

Мояи сарбаландии мо аст, ки имрӯз халқи заҳматпарвару сулҳдӯсти мо бо муҳаббати баланди ватандӯстона ба таърих ва муқаддасоти миллии худ зиндагӣ дорад. Хусусан, вақте ки арҷгузории ҷавонони мо ба ин муқаддасоти миллӣ, хусусан ба Парчами миллиро мебинем, хурсанд ва дилпур мегардем. Зеро мебинем, ки Парчами муқаддаси миллии мо бо ангезишҳои баланди ватандӯстонааш тавонистааст ҷавонони моро дар зери партави худ ҷаъм оварад. Мо мебинем, ки ҳамасола ҷавонони ватандӯсти мо дар рӯзи таҷлили иди Парчами миллӣ аҳлона бо мавҷи дарёи Парчами миллӣ ба кӯчаҳо мебароянд ва арҷгузории худро ба ин рамзи муқаддаси беназири миллии мо нишон медиҳанд. Ангезиши ватандӯстонаи Парчами миллӣ моро аз руҳияи солими ҷавононамон, аз табъи солиму зиндагии ҳадафмандонаи онҳо дилпур мегардонад. Ва, бешубҳа, чунин ангезишҳои ватандӯстона дар эҳёи таърихии Тоҷикистон, дар фароҳам омадани руҳияи солими бунёдкоронаву созандаи халқамон барои ояндаи боз ҳам дурахшонтари Ватани азизамон саҳми бузург мегузоранд.

Сухан аз Парчами миллӣ, аввалан, сухан аз армонҳои ҳазоронсолаи миллати мо аст. Баъдан, сухан аз Парчами миллӣ- сухан аз нангу номус ва шарафи миллии мо мебошад. Сониян, сухан аз Парчами миллӣ- сухан аз пирӯзиҳои таърихии миллати мо аст. Пас аз ин ҳама, сухан аз Парчами миллӣ, сухан аз ишқ, муҳаббат, дӯстиву бародарӣ, Ваҳдати миллӣ, ягонагии ҳама қавму миллатҳо, сухан аз зиндагии осоиштаву хайрхоҳона ва ҳаёти шукуфону рушди ҳама соҳаҳои рӯзгори мардум аст. Ва далел барои ин суханҳо ин аст, ки имрӯз халқи тоҷик дар зери фурӯғу талқину роҳнамоии Парчами давлатии худ дар ҳамин руҳия ва бо ҳамин ҳадафҳо зиндагонӣ менамояд.

Ва дар идомаи ин гуфтор як шеъри ба тозагӣ навиштаи муаллифи ин сатрҳоро, ки дар он тамоми хуҷастагиҳои Парчами миллии мо тасвири дурахшони бадеӣ ёфтаанд, ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ пешкаши хонандагони арҷманд мегардонем.

ПАРЧАМИ ОЗОДАГОН

Эй намои аввалину охирин армони мо,
Парчами пирӯзии мо, рамзи ҷисму ҷони мо.

Ту баландӣ, не аз он рӯ, ки баландият расост,
Ту баландӣ, з-эътино, аз эътиқоду шони мо.

Ин туӣ, уммеду бовар, рамзи пирӯзии халқ,
Рамзи оташболии Қақнуси парафшони мо.

Рамзи ин халқи тамаддунпарвари олинажод,
Рамзи халқи некбунёду саодатшони мо.

Дар ту таърихи ҳазоронсола ҷавлон мезанад,
Рамзи нангу номи мо, оинаи виҷдони мо.

Бо баландият сари моро ҳамедорӣ баланд,
Ҷилвагар бинмудаӣ дар худ фару эҳсони мо.

Ин туӣ рангинкамони завқу табъи миллатам,
Парчами сурху сапеду сабз дар айвони мо.

Мо зиёдему ту якто, зери ту саф оварем,
Бо ту якҷонему яктан, эй фари даврони мо.

Бол зан, бо худ бубар моро ба фардои мурод,
То ба гардун бар шукуҳи бахти фарзандони мо.

Эй фурӯғи родмардӣ дар сари мо ҷилва кун,
Меҳрафшон бош, эй меҳру фари тобони мо.

Эй ҳузурат раҳнамо бар ҳифзи халқу Меҳанам,
Дар сари ҳар бом тӯмори балогардони мо.

Ту аз он рӯ дар баландоӣ, ки бинемат зи дур,
Ҷилвагар шав аз ҳама сӯ, эй фари Яздони мо.

Ту падидор аз ҳама кунҷи ҷаҳонӣ дар назар,
Чун қасам, ҳамчун ниёиш, қиблаи паймони мо.

Аз чӣ болоят бубардорем? То тоби зи дур
Чун наҷоти миллати мо, ҳиммати мардони мо.

Эй ирода, эй садоқат, эй вафои ҳар нафар,
Эй нишони бешикасти руҳи аҷдодони мо.

Ваҳдати мо бо ту монад пойдор андар ҷаҳон,
Дар матои сидқи мо аз риштаҳои ҷони мо.

Эй нахустин парчами адлу адолат, хайру дод,
Ифтихори парфишони бахт дар сомони мо.

Ҳифз кардемат, ту ҳифзи мо намудӣ солҳо,
Руҳи шоду сарфарози ҷумла авлодони мо.

Ҷони худ додем бар душман, надодемат зи даст,
Чун ки боло аз сари моӣ ту дар дастони мо.

Эй матонат-парчами аҳли каломи эзадӣ,
Бош чун файзи Худо дар хонаву дар хони мо.

Парчами Кова ту будӣ, парчами Испитамон,
Бош бо мо ҷовидонӣ, эй фари Раҳмони мо!
(Бош бо мо Парчами Эмомалӣ Раҳмони мо).

Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 24, 2023 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вобаста ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия вохӯрӣ баргузор гардид
Имсол зиёда аз 120 ҳазор нафар дар осорхонаҳои ҷумҳурӣ бо мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик шинос шуданд
Соли равон зиёда аз 5000 сайёҳ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо карданд
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон нахустин маротиба Фестивали либосҳои миллиро баргузор менамояд
Шоҳрух Юнусов аз Тоҷикистон дар консерти ҷамъбастии солистони Академияи байналмилалии операи назди Театри «Остона Опера» ҳунарнамоӣ кард
Дар Москва бахшида ба бузургдошти мутафаккири барҷастаи тоҷик Абӯалӣ Ибни Сино ҳамоиш доир мешавад
Дар Душанбе маҳфили адабӣ бо иштироки Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло баргузор шуд
Теъдоди довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» сол то сол меафзояд
Дар Тоҷикистон 66 Қасри фарҳанг барои баргузории барномаҳои фарҳангию фароғатӣ фаъолият дорад
«Телевизиони Сафина» соли 2024 силсилабарномаҳои «Достон» ва «Шоҳномахонӣ»-ро пешниҳоди бинандагон мегардонад
Кумитаи телевизион ва радио: «Имсол аз ҷониби дастаҳои ҳунарӣ 163 суруду оҳанг сабт гардид»
Корҳои сохтмонӣ дар бинои истиқоматӣ барои кормандони Кумитаи телевизион ва радио оғоз шудааст