Бонки Осиёи Рушд бо мақсади фарогирии хизматрасонии босифати тиббӣ ба ноҳияҳои таҷрибавӣ — Дарвоз, Данғара ва Айнӣ маблағи иловагӣ ҷудо менамояд
ДУШАНБЕ, 30.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи маблағгузории иловагӣ ба лоиҳаи фарогирӣ бо хизматрасонии босифати тиббӣ дар 3 ноҳияи таҷрибавӣ- Дарвоз, Данғара ва Айнӣ мавриди барассӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Масълаи мазкур зимни вохӯрии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва мутахассиси соҳаи тандурустӣ дар Бонки Осиёии Рушд Себел Вонг, мутахассиси калони соҳаи тандурустӣ дар Бонки Осиёии Рушд ва намояндагони тими дастгирии техникии бонки мазкур Хайман Вин баррасӣ шуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо аз ҳамкории судманд ёдовар шуда, доир ба натиҷаи татбиқи лоиҳаи фарогирӣ бо хизматрасонии босифати тиббӣ ва беҳтар намудани вазъи хизматрасонии тиббӣ дар ноҳияҳои таврибавӣ ибрози андеша намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ гуфта шуд, ки амалисозии Лоиҳаи «Хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак» дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳадафи аслии он сохтмон ва таъмири муассисаи тиббӣ, таъмини онҳо бо таҷҳизоти муосири тиббию маишӣ, баланд бардоштани савияи дониши кормандони тиб ва боло бурдани маърифати тиббии аҳолӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашт, Файзобод ва Шамсиддин Шоҳин мебошад, дар рушди соҳаи тандурустии ноҳияҳои мазкур заминаи муосид фароҳам меоварад.
Мусоҳибон ҳамзамон масъалаи маблағгузории иловагиро ҷиҳати фарогирӣ бо хизматрасонии босифати тиббӣ дар 3 ноҳияи таҷрибавии дигар -Дарвоз, Данғара ва Айнӣ мавриди муҳокима қарор доданд.
Бонки Осиёии Рушд соли равон гранти кумаки техникӣ барои омодагии лоиҳаи сармоягузории минбаъда оид ба таҳкими соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ намуда, корбарӣ дар ин самт ҷараён дорад.
Маблағгузории иловагии пешниҳодшуда ба фарогирии хизматрасонии босифати тиббӣ дар 3 ноҳияи таҷрибавии дигар – Дарвоз, Данғара ва Айнӣ тавсеъа мебахшад. Дар назар дошта шудааст, ки маблағгузории иловагӣ дар моҳи июли соли 2024 оғоз гардад. Он инчунин ба дастгирии таҳияи сиёсати миллӣ оид ба маблағгузории беморхонаҳо ва рушди захираҳои кадрии бахши тандурустӣ идома медиҳад.
Дар интиҳои вохўрӣ ҷонибҳо аз ҳамкории судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, оид ба тақвияти ҳамкории минбаъда таклифҳои муфид пешниҳод намуданд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд






