Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҷаласа баргузор гардид

Ноябрь 4, 2023 17:19

ДУШАНБЕ, 04.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. 3 ноябр дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 29-солагии Рӯзи Конститутсия ҷаласа доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар медиҳад.

Иброз гардид, ки воқеан дар ин айёми начандон тӯлонӣ ба шарофати заҳмату талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои волои ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва муҳими сиёсӣ бо такя ба анъанаҳои миллии ниёгонамон барои эъмори давлати озоду мустақил ва таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ дар мамлакат заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ фароҳам оварданд.

Маҳз аз ҳамин хотир гузаштагони тамаддунофари мо ҳамеша кӯшиш менамуданд, ки ин арзишҳои муқаддасро тавассути эҷоди меъёрҳои ба манфиати ҷомеа равонагардида эмин нигоҳ доранд ва имрӯз ҳам гуфтан мумкин аст, ки ин анъанаи нек дар замони муосир идома дода шуда, меъёрҳое эҷоду қабул мешаванд, ки онҳо хоси мақсаду мароми миллати фарҳангсолори мо мебошад.

Дар ин замина гуфта шуд, ки Конститутсияи имрӯза барои миллати худогоҳу худшиноси тоҷик, ки дорои таъриху фарҳанги бойи қадимӣ мебошад, таҳия гардида, таҷассумгари ғояву арзишҳои миллии ҷомеа ва давлати озоди мо дар даврони навин маҳсуб мешавад.

Агар дар маҷмуъ арзёбӣ шавад, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин Конститутсияи миллии тоҷикон ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад, ки ба суннатҳои миллӣ такя намуда, аз ваҳдати миллӣ, фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои миллӣ пуштибонӣ менамояд ва барои таъмини якпорчагии ҳудуди миллӣ, ҳимояи соҳибихтиёрӣ, истиқлолият, амният, адолати конститутсионӣ ва иқтидори мудофиавӣ нақши ҳаётан муҳим дорад.

Таъкид гардид, ки мо бояд ба ғояҳои арзишманди меъёрҳои конститутсионии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ҳамчун Қонуни сатҳи олии давлат эҳтироми хосса дошта бошем ва онро ба ҳайси як рукни муқаддаси миллӣ ҳифз намоем.

АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия

Ноябрь 4, 2023 17:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад