Дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон маросими тантанавии савгандёкунии курсантон баргузор шуд

Ноябрь 18, 2023 15:32

ДУШАНБЕ, 18.11.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тантанавии савгандёкунии курсантони курси якуми ин академия баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ Ховар бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии мамлакат.

Дар маросими савгандёдкунии афсарони ояндаи милисияи тоҷик Вазири корҳои дохилӣ сухан гуфта, курсантони соли якумро бо ин рӯзи фаромӯшнашаванда табрик гуфта, онҳоро баҳри босамар истифода бурдан аз шароити муҳайёнамудаи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати аз худ намудани донишҳои замонавӣ ва соҳавӣ, кӯшиш баҳри баланд бардоштани омодагии ҷисмониву низомӣ ва ҳамеша содиқ будан ба халқу Ватан ҳидоят намуд. 

Ҳамчунин дар ин рӯз толори фарҳангии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

Таъкид карда шуд, ки вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланд омода намудани кадрҳои ба талаботи замон мутобиқ, фароҳам овардани шароити мусоиди илмомӯзӣ барои шунавандагону курсантон, инчунин дар ин замина бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагони ин даргоҳи маърифат ҳамеша таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 18, 2023 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд