Дар Бадахшон бинои истиқоматии панҷошёна ва Маркази савдои «Чорбоғ» ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 18.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр дар шаҳри Хоруғ бинои истиқоматии панҷошёна ва маркази савдои «Чорбоғ» мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар медиҳад.
Бинои мазкур дар маҳаллаи Селхозтехникаи шаҳри Хоруғ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зафарсохтмон» бунёд шудааст. Сохтмони он моҳи июли соли 2022 оғоз гардида, дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.
Раиси вилоят дар маросими ифтитоҳи ин иншоот иброз намуд, ки дастгирии соҳибкорону равнақи созандагиву ободонӣ маҳз аз сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, имрӯз маркази вилоят низ ба таври шинохтанашаванда рушду нумӯъ меёбад. Дар марҳилаи рушди шаҳри Хоруғ аз тарафи ширкатҳои алоҳида сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ба нақша гирифта шуда, дар чанд гӯшаи шаҳр корҳои сохтмонӣ бо ҷалби коргарони маҳаллӣ идома доранд.
Ҳамчунин қомат афрохтани чандин биноҳои баландошёна дар маркази шаҳр шаҳодат аз ободонию бунёдкорӣ буда, заминаи хуб барои беҳбудӣ бахшидан ба зиндагии мардум мебошад.
Ҳамчунин дар ин рӯз маркази савдои «Чорбоғ» ба истифода дода шуд. Роҳбари вилоят зимни ифтитоҳи маркази тиҷоратӣ ба муассиси он- сардори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бунёд» ҷиҳати фароҳам овардани хизматрасонии муосири савдо изҳори миннатдорӣ намуд.
Иброз гардид, ки расонидани хизмати сатҳи баланд ба аҳолӣ ва пешниҳоди маҳсулоти хӯроквории хушсифат аз ҳадафҳои асосии ин марказ мебошад.
Ба масъулини маркази савдои навбунёд супориш дода шуд, ки ба таври шабонарӯзӣ фаъолият намоянд, то муштариён тавонанд дар вақти муносиб аз хизматрасонии марказ бархӯрдор шаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад
Доир ба нақши Мавлоно дар ташаккули фарҳанги сулҳ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Рӯзи дуюми Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Ынтымак» (Рӯзи ягонагӣ) доир шуд
Оид ба мавқеи геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геофарҳангии Шарқи Миёна ва Наздик конференсияи илмӣ доир шуд
Озмоишгоҳҳои таҳлили канданиҳои фоиданок ва омода кардани намунаи ашёи минералӣ ба истифода дода шуданд
Густариши ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки исломии рушд дар соҳаи таҳсилоти касбӣ баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург бо донишҷӯёни тоҷик оид ба масъалаҳои будубош ва таҳсил вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир шуд
Байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди «Peace Nexus» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад






