Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба рамзи муқаддас — Парчами давлатӣ арҷ гузоштанд
ДУШАНБЕ, 24.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 23 ноябр дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идонаи илмӣ — фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти донишгоҳ хабар медиҳад.
Ректори донишгоҳ ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ, ки рамзи сарҷамъиву ягонагӣ ва ваҳдати миллати тамаддунофари тоҷик аст, табрик намуда, дар бораи нақши арзишманду мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳу субот, эҳёи муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ сухан гуфт.
Арбоби шинохтаи давлатию ҷамъиятӣ, сиёсатмадори варзида Адолат Раҳмонова дар бораи солҳои вазнини пеш аз истиқлол, баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва аз рӯзҳои аввали ба арсаи сиёсат омадани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъруза намуд.
Ҳамзамон собиқадор Рафиқа Мусоева оид ба таърихи Парчами давлатӣ ва хизматҳои бузурги Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу субот дар Тоҷикистон ибрози назар намуд.
Аз ҷониби донишҷӯёни соҳибистеъдоди факултети забонҳои Аврупо барномаи фарҳангии ҷолиб манзури ҳозирин гардид.
Инчунин як гурӯҳ омӯзгорон ва донишҷӯён бо сипосномаи ректори Донишгоҳ қадрдонӣ шуданд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






