Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ донишҷўёни фаъол қадрдонӣ шуданд

Ноябрь 23, 2023 17:40

ДУШАНБЕ, 23.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Парчами давлатӣ-рамзи иттиҳод ва қудрати миллат» ҳамоиш баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишкада.

Ректори донишкада Бахтиёр Маҳмадалӣ иброз дошт, ки эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад. Зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти мамлакат доим побарҷо бошад.

Дар ҷамъомад барномаи рангини фарҳангӣ манзури ҳозирин гардонида шуда, инчунин ба як зумра фаъолон ва донишҷӯёни пешқадам ифтихорномаву сипосномаҳо тақдим гардид.

АКС: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Ноябрь 23, 2023 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази миллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд
Байни Вазорати маориф ва илм ва Идораи маорифи шаҳри Сежонги Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хонандаи шаҳри Душанбе дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот сазовори ҷойи якум гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 18 ҳазор нафар забони олмониро меомӯзанд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
11 сол қабл дар Тоҷикистон дохилшавӣ ба муассисаҳои олии касбӣ тавассути низоми тестӣ амалӣ гардид
Имрӯз даври якуми Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ оғоз гардид
Фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардид
Пагоҳ даври якуми Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз мегардад
Равоншиноси Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Сино Манижа Раҷабова ғолиби озмуни байналмилалӣ гардид
Шумо барои фарзандатон дар таътили тобистона реҷаи рӯз тартиб додаед?
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Барои дар ёфтани маркази имтиҳонӣ ба мушкил дучор нагардидан чӣ бояд кард?