Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт доир ба нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи муосир ҳамоиши илмӣ доир гардид

Ноябрь 15, 2023 18:00

РАШТ, 15.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт   дар мавзуи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеаи муосир» ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар  Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт  иттилоъ доданд.

Дар ҷамъомад омӯзгорону собиқадорони  донишкада иштирок намуда,  изҳор доштанд, ки тақдир ва сарнавишти ҳар миллату давлат ҳамбастагӣ ба роҳбарону сарварони онҳо дорад. Яъне роҳбар, сарвар ва пешво метавонад дар масири таърих сарнавишти давлат, миллат ва халқияти худро муайяну мушаххас намояд, мавқею ҷойгоҳи онро дар ҷаҳони пуртазод мустаҳкаму пойдор созад ва таъриху тамаддун, арзишҳои моддиву маънавии халқу миллаташро дар умқи саҳифаҳои таърих сабт намояд, ки аз тӯфону ҳаводиси пурфоҷеаи  даврон дар амон монда, ҷовидона гарданд.

Хушбахтона, миллати тоҷдору куҳанбунёд ва куҳанфарҳанги тоҷикро фарзонафарзанд ва абармарде бо номи Эмомалӣ Раҳмон насиб гаштааст, ки тамоми сифатҳои болоро доро мебошанд. Ҳамчунин талошу заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат аст, ки мардуми тоҷик ва дигар шаҳрвандони мамлакат, новобаста аз мансубияти динию мазҳабӣ ва қавмиву миллиашон таҳти сиёсати хирадмандонаи он кас озодона, хушу хуррам ва тинҷу осуда зиндагӣ доранд.

Гуфта шуд, ки дар таърихи бисёрҳазорсолаи халқи тоҷик давраи нави гузариш оғоз ёфт. Вакилони мардумӣ камолоти сиёсии худро нишон дода, дар вазифаҳои худ бомасъулият ва дурандешона амал намуда, тамоми донишу таҷрибаи худро ба ҳалли муаммоҳои сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодиву маънавӣ дар мамлакат равона сохтанд. Дар муддати кӯтоҳи таърихӣ оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш ва барои амалӣ намудани барномаҳои муҳими иқтисодӣ, сохтмонҳои бузурги дорои аҳамияти байналмилалӣ шароит фароҳам оварда шуд.

Сарвари давлат  дар зарфи 32 соли соҳибистиқлолӣ шароити хубу арзандаро барои мардуми шарафманди тоҷик муҳайё сохтанд ва ҳамин аст, ки имрӯз шаҳрвандони мамлакат бо шукргузорӣ аз оромиву осудагӣ ва тинҷию амонӣ дар фазои ваҳдату якдилӣ умр ба сар бурда, баҳри пешрафти босуботи ояндаи мамлакат азму талош менамоянд.

АКС: Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт

Ноябрь 15, 2023 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан, яъне хизмати ҳарбӣ, мактаби ҷавонмардӣ ва давраи ҳаматарафа обутоб ёфтани ҷавонон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандии ҳар як ҷавон ба ҳисоб меравад
Эмомалӣ Раҳмон: Ман ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳар як сарбозро мисли фарзанди худ дӯст медорам
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави якчанд давлат эътимоднома қабул намуданд