Дар Душанбе оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли 2023» муҳокимаи парламентӣ доир гардид

Ноябрь 3, 2023 10:37

ДУШАНБЕ, 03.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 2 ноябр бо ташаббуси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия ва таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  соли 2023» дар 9 моҳи соли равон  муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Таъкид шуд, ки мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  моддаҳои 36 ва 37-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатӣ»-ро қабул ва ҷараёни иҷрои онро назорат менамояд. Яке аз роҳҳои баамалбарориии чунин назорат баррасию таҳлили ҳамаҷониба тавассути муҳокимаҳои парламентӣ ба ҳисоб меравад.

Рушди босуботи мамлакат маҳз аз таҳияи дуруст, воқеъбинона, шаффофияти ташаккули Буҷети давлатӣ вобастагӣ дошта, иҷрои босифати он яке аз вазифаҳои муҳими мақомоти дахлдор ба ҳисоб меравад.

Бояд гуфт, ки дар ин замина вазифаи тамоми мақомоти давлатӣ аз он иборат аст, ки истифодаи мақсадноку самараноки маблағҳои буҷетӣ ва риояи интизоми молиявӣ ба таври зарурӣ амалӣ гардад.

Аз рӯи ин масъала раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Кумитаи андози назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муовини Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Дар интиҳои муҳокимаи парламентӣ баъди саволу ҷавоби вакилони Маҷлиси намояндагон бо масъулини соҳа ва музокираҳо бо назардошти таклифу эродҳо тавсияҳои дахлдор қабул шуданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 3, 2023 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид