Дар Хатлон даври минтақавии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 21.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. 21 ноябр дар вилояти Хатлон даври минтақавии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Гуфта шуд, ки гурӯҳи корӣ аз Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо ба вилояти Хатлон рафта, дар баргузории олимпиада ба кумитаи тадорукот ёрии методӣ ва амалӣ расонид.
Аз ҷумла, дар муассисаи таълимии №7-и деҳаи Сайёди ноҳияи Шаҳритус қабл аз оғози олимпиадаи хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таълимии минтақаи Бохтари вилояти Хатлон бо иштироки намояндагони Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои вилояти Хатлон, шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва бо ҷалби омӯзгороне, ки хонадагонро барои иштирок дар озмуну олимпиадаҳо омода менамоянд, ҳамоиши «Хонандаи болаёқат ба омӯзгори болаёқат ниёз дорад» доир гардид.
Омӯзгорони минтақа баргузории ҳамоишро, ки аввалин бор бо иқдоми Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо доир гардид, саривақтӣ ҳисобида, дархост намуданд, ки минбаъд низ ҳангоми баргузории олимпиадаҳо чунин чорабиниҳои методӣ ташкил шаванд. Зеро қаблан ҳангоми олимпиадаҳо омӯзгорон аз шаҳру ноҳияҳои дурдаст ҷамъ омада, ҷамъбасти олимпиадаро соатҳо мунтазир шуда, ба чунин чорабиниҳо ҷалб намешуданд.
Имрӯз дар ноҳияи Фархор низ чунин ҳамоиш доир гардид.
АКС: Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Академияи идоракунии давлатӣ китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва арҷгузорӣ ба мақоми занон дар ҷомеа» рӯнамоӣ гардид
Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба раддабандии байналмилалии таҳқиқоти илмии байнифаннӣ барои соли 2027 ворид шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН ВА ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Озмуни байналмилалии Cezeri Fest 2026 соҳиби ҷойи якум шуданд
ТАҲСИЛ КАРДАН ДЕРӢ НАДОРАД. Зиёда аз 8 ҳазор хонанда дар мактаби ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Маркази имтиҳонии «linguaskill» ба фаъолият оғоз намуд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА ТАШАККУЛИ НИЗОМИ НАВИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТ. Андешаҳо дар ин маврид
Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо сертификати «Беҳтарин маркази забономӯзӣ» сарфароз гардонида шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд






