Дар ноҳияи Темурмалик 6152 нафақагир сабти ном шудааст

Ноябрь 19, 2023 12:04

ДУШАНБЕ, 19.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Темурмалик 6152 нафақагир сабти ном шудааст. Тавре сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Темурмалик Зокирхон Одинаев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, то моҳи октябри соли 2023 дар ноҳияи Темурмалик ҳама намуди нафақапулиҳо пурра пардохт гардида, қарздорӣ умуман вуҷуд надорад.

«То моҳи октябри соли 2023 дар Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Темурмалик 6152 нафақахӯр сабти ном шудааст. Талаботи нафақа дар нуҳ моҳи соли равон ба 17305036 сомонӣ баробар аст. Талаботи миёнаи моҳонаи нафақахӯрон дар ноҳия 2 437 727 сомониро дар бар мегирад», — гуфт сардори Раёсат Зокирхон Одинаев.

Мавсуф ҳамчунин иброз дошт, ки музди миёнаи нафақа дар ноҳияи Темурмалик 396 сомонӣ буда, ба нафақахӯрон аз рӯи категорияҳои гуногун нафақа тайъин гардидааст.

Дар айни замон дар ноҳияи Темурмалик 1441 нафар маъюб сабти ном шудааст, ки аз онҳо 211 нафар маъюби то 18-сола, 1230 нафар маъюби аз 18 – сола боло, 16 нафар маъюбони Чернобил, 10 нафар маъюбони Афғонистон, 8 нафар маъюбони Артиши миллӣ ва ғайра мебошанд.

Ҳамчунин 11 нафар нафақахӯрони ақибгоҳ, 8 нафар нафақагирони дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ, 24 нафар ятимони кулл, 499 нафар аз оилаҳои бесаробон, 1546 нафар нафақахӯрони синни меҳнатӣ, 2201 нафар нафақагирони суғуртавӣ ва 314 нафар нафақахӯрони иҷтимоӣ мебошанд.

Дар нуҳ моҳи соли равон аз тарафи Раёсат ба 74 оилаи камбизоати нафақахӯроне, ки фавтидаанд, ба маблағи 98 ҳазору 880 сомонӣ кумакпулӣ расонида шудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 19, 2023 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад