Дар нуҳ моҳи соли 2023 дар Тоҷикистон 213,7 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шуд
ДУШАНБЕ, 12.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби мутахассисони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи 206 тафтишу санҷишҳои гузаронидашуда 213,7 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шуд. Дар ин хусус зимни муҳокимаи парламентӣ, ки 2 ноябри соли 2023 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 дар 9 моҳи соли 2023» баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.
Дар муҳокимаи парламентӣ муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раванди тафтишу санҷишҳои молиявӣ, дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муроҷиатҳои асосноки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ баҳри таъмини назорати истифодаи мақсадноки воситаҳои давлатӣ ва риояи қатъии интизоми молиявӣ маълумот дод.
Бино ба иттилои ў, аз маблағҳои ошкоргардида хароҷоти ғайриқонунӣ 18,1 миллион сомонӣ, камомад ва тасарруф 24,9 млн. сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 52,9 млн. сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 1,6 млн. сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ 63,3 млн. сомонӣ, маблағи кам ҳисобшуда ва рӯйпӯшгардидаи андозу пардохтҳои ҳатмӣ 52,8 млн. сомониро ташкил медиҳанд.
Аз ҷ иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи тафтиши ташаккул ва иҷрои буҷетҳои маҳаллии 15 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 37,8 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардида, 37 млн. сомонии (97,8 фоиз) он барқарор карда шуд. Аз маблағҳои ошкоршуда ба ташкилоту муассисаҳои буҷетии шаҳри Душанбе 7,3 млн. сомонӣ, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров — 5,6, Спитамен — 3,7, Айнӣ — 3,2, Исмоили Сомонӣ — 2,5, Файзобод 2,3, Лахш — 2,2, Варзоб — 1,8, Абдураҳмони Ҷомӣ — 1,6, Дӯстӣ — 1,6, Қубодиён — 1,5, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ — 1,3, Кӯҳистони Мастчоҳ — 1, Шуғнон 1 млн. сомонӣ ва ба Мурғоб 711,9 ҳазор сомонӣ рост меояд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Ташаккули сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлоли давлатӣ баррасӣ гардид
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва Бонки рушди Авруосиё санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд
«РАҚАМИКУНОНИИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ». Дар форуми байналмилалӣ 12 санади ҳамкорӣ имзо шуд
Дар Тоҷикистон нахустин коргоҳи истеҳсоли ранги хокавӣ барои хатҳои уфуқии роҳҳои мошингард ба истифода дода шуд
Дар шаш моҳи соли 2026 ҳаҷми гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба 10,2 миллион доллар расид
Тоҷикистон 85 фоизи аҳолиро бо маҳсулоти ғизоии ватанӣ таъмин мекунад
Аъзои ҳайати Фландрияи Подшоҳии Белгия бо фаъолияти «Шаҳри ҳушманд» шинос гардиданд
Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ ҳамкориро дар самти рушди сармояи инсонӣ ва рақамикунонӣ густариш медиҳанд
Агентии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Душанбе 110 кг маҳсулоти гуногуни ҳасибии пастсифат ва ғайристандартиро ошкор намуд
Тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист байни Тоҷикистон ва Муғулистон баррасӣ гардид
Пиряхҳоро аз обшавӣ бояд ҳифз намуд, — бардошт аз конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Душанбе
Содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Чин баррасӣ шуд






