Дар нуҳ моҳи соли 2023 дар Тоҷикистон 213,7 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шуд

Ноябрь 12, 2023 09:48

ДУШАНБЕ, 12.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби мутахассисони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар натиҷаи 206 тафтишу санҷишҳои гузаронидашуда 213,7 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шуд. Дар ин хусус зимни муҳокимаи парламентӣ, ки 2 ноябри соли 2023 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар мавзуи «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 дар 9 моҳи соли 2023» баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.

Дар муҳокимаи парламентӣ муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба раванди тафтишу санҷишҳои молиявӣ, дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муроҷиатҳои асосноки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ баҳри таъмини назорати истифодаи мақсадноки воситаҳои давлатӣ ва риояи қатъии интизоми молиявӣ маълумот дод.

Бино ба иттилои ў, аз маблағҳои ошкоргардида хароҷоти ғайриқонунӣ 18,1 миллион сомонӣ, камомад ва тасарруф 24,9 млн. сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 52,9 млн. сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 1,6 млн. сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ 63,3 млн. сомонӣ, маблағи кам ҳисобшуда ва рӯйпӯшгардидаи андозу пардохтҳои ҳатмӣ 52,8 млн. сомониро ташкил медиҳанд.

Аз ҷ иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи тафтиши ташаккул ва иҷрои буҷетҳои маҳаллии 15 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 37,8 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардида, 37 млн. сомонии (97,8 фоиз) он барқарор карда шуд. Аз маблағҳои ошкоршуда ба ташкилоту муассисаҳои буҷетии шаҳри Душанбе 7,3 млн. сомонӣ, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров — 5,6, Спитамен — 3,7, Айнӣ — 3,2, Исмоили Сомонӣ — 2,5, Файзобод 2,3, Лахш — 2,2, Варзоб — 1,8, Абдураҳмони Ҷомӣ — 1,6, Дӯстӣ — 1,6, Қубодиён — 1,5, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ — 1,3, Кӯҳистони Мастчоҳ — 1, Шуғнон 1 млн. сомонӣ ва ба Мурғоб 711,9 ҳазор сомонӣ рост меояд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 12, 2023 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид