Дар Париж дар Нишасти қутбии «Як cайёра» аз ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ёдовар шуданд
ДУШАНБЕ, 11.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр бо ибтикори ҷониби Фаронса дар шаҳри Париж Нишасти қутбии «Як cайёра» баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷии мамлакат Сироҷиддин Муҳриддин иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Нишасти мазкур сарони давлатҳо, ҳукуматҳо, намояндагони баландпояи кишварҳо, муҳаққиқону олимон, роҳбарони ниҳодҳои байналмилалӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, намояндагони мардуми бумӣ, ҷомеаҳои маҳаллӣ ва бахши хусусиро аз кишварҳои гуногун бо мақсади баррасии чолишҳои тағйирёбии иқлим, алалхусус вазъи пиряхҳо дар сайёра ба ҳам овард.
Иштирокдорони нишаст перомуни вазъи пиряхҳо ва чолишҳои марбут ба онҳо табодули андеша намуда, мушкилоти мавҷударо дар заминаи фурӯпошии криосфера дар миқёси ҷаҳон, ки метавонад ба аҳолӣ ва экосистема дар маҷмӯъ, захираҳои об ва болоравии сатҳи баҳр таъсир расонад, ташвишовар номидан ва ҳамкории амиқи байналмилалиро дар ин ҷода муҳим арзёбӣ намуданд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни андешарониаш бо ишора ба натиҷаҳои конфронсҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва махсусан қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милал дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, талошҳои Ҳукумати Тоҷикистонро дар ин масъала ёдрас гардида, иброз дошт, ки татбиқи уҳдадориҳо дар доираи конфронсҳо ва ҳадафҳои “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ҷиҳати расидан ба Ҳадафи шашуми Ҳадафҳои Рушди Устувор ва ҳалли дигар масъалаҳои вобаста ба тағийрёбии иқлим дар сайёра мусоидат хоҳад кард.
Таъкид гардид, ки соли 2024 дар шаҳри Душанбе Конфронси сеюми сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи “Об барои рушди устувор”, ҳамчунин, соли 2025 Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад ва ширкати фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин чорабиниҳои муҳимми байналмилалии Тоҷикистон дар амри ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба об ва обшавии пиряхҳо мусоидат хоҳад намуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд






