Дар шаҳри Турсунзода Рӯзи Парчами давлатӣ бошукуҳ таҷлил гардид

Ноябрь 24, 2023 18:10

ДУШАНБЕ, 24.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Парчами давлатӣ нишони муқаддас, рамзи ҳувият, ифтихору нанг ва шарафи мамлакат арзёбӣ гардида, мавқеи сиёсӣ ва таърихиву фарҳангии ҷумҳуриро дар сатҳи ҷаҳонӣ инъикос менамояд. Ин нукта зимни баргузории ҷашни  пуршукуҳ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ дар шаҳри Турсунзода иброз гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр. 

Ҳамзамон бахшида ба ин рӯз шумораи зиёди сокинон ва фаъолони шаҳр ба раҳпаймоии идона баромаданд.

Иброз гардид, ки Парчам ва оини парчамдории миллати тоҷик дорои таърихи ҳазорсола буда, давоми асрҳо ба сифати омили нангу номуси ватандорӣ мардуми моро муттаҳид ва ба муборизаҳои озодихоҳона ҳидоят намуда, ҷиҳати расидан ба озодиву истиқлол неруву тавони тоза бахшидааст.

Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва пайкори созандаи муҳтарам Пешвои миллат Парчами давлатии миллати тамаддунофари мо бо симову ҷилои нав партавфишон гардид, ки таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон маҳсуб шуда, рамзи озодиву Истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳувият ва ифтихори миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангдӯсти мо мебошад.

Таъкид гардид, ки Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун нишона аз мардуми сулҳхоҳу тамаддунсози мо дар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва чорабиниҳои сиёсии байналмилалӣ афрохта шуда, ифодагари соҳибихтиёрии давлат ва ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ будани Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, нишонаи ифтихору руҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамватанони мо дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Ноябрь 24, 2023 18:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан, яъне хизмати ҳарбӣ, мактаби ҷавонмардӣ ва давраи ҳаматарафа обутоб ёфтани ҷавонон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандии ҳар як ҷавон ба ҳисоб меравад
Эмомалӣ Раҳмон: Ман ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳар як сарбозро мисли фарзанди худ дӯст медорам
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави якчанд давлат эътимоднома қабул намуданд