Дар Суғд Мусобиқа оид ба бокс байни калонсолон барои дарёфти Ҷоми Раиси вилоят идома дорад
ДУШАНБЕ, 08.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 7 ноябр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд маросими ифтитоҳи Мусобиқа оид ба бокс байни калонсолон барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Мусобиқа ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, то 10 ноябр идома меёбад.
Дар маросими ифтитоҳи он иброз гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои инкишофи ҳамаҷонибаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар байни оммаи мардум ва варзишгарони касбию дӯстдорони ин соҳа пайваста мусобиқаҳои варзишӣ доир мешаванд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд аз замони пеш то ин дам варзишгарони болаёқату номдор ба воя мерасанд. Бокс дар вилоят яке аз намудҳои маъмул ба ҳисоб рафта, шумораи дӯстдорони он аз ҳисоби ҷавонону наврасон торафт меафзояд.
Имрӯз мо бо ифтихор номи варзишгарони вилоят Ҷаҳон Қурбонов, Абдусалом Ҳасанов, Асрор Воҳидов, Довуд Махкамов, Шаҳбоз Ҳаитов, Искандарбек Рустамов, Хусравхон Раҳимов, Абураҳим Ёқубов ва дигаронро ба забон меоварем, ки шарафи варзиши тоҷикро дар миқёси байналмилалӣ баланд бардошта, Парчами Тоҷикистони азизро дар варзишгоҳу майдонҳои бузурги ҷаҳон парафшон сохтаанд.
Дар мусобиқаи кушод оид ба бокс беш аз 80 нафар варзишгарон, аз ҷумла муштзанон аз ҷумҳуриҳои дӯсту бародари Узбекистон, Қазоқистон, Беларус, Қирғизистон, Федератсияи Русия иштирок доранд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад






