Дар Вазорати маориф ва илм бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон конференсияи илмӣ- назариявӣ доир шуд

Ноябрь 24, 2023 08:17

ДУШАНБЕ, 24.11.2023. /АМИТ «Ховар»/.  23 ноябрз дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Зимни он гуфта шуд, ки парчам давоми садсолаҳо мояи ифтихору ғурури гузаштагони мо буда, дар қатори рамзу аркони давлатдорӣ мақому манзалати махсус дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар доданд.

Тазаккур дода шуд, ки вақте ба таърихи гузаштаи халқамон назар меафканем, мебинем, ки ниёгонамон зери парчам саф кашида, барои ҳимояи марзу бум ва сарзамини худ ҷонбозиҳо намудаанд. Дар ҷаҳони муосир ҳар давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба Парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ба ҳисоб меравад.

Таъкид шуд, ки эҳтироми аҳли маорифи мамлакат ба рамзҳои давлатӣ, хусусан Парчами давлатӣ дар он зоҳир мегардад, ки баҳри рушди бемайлони соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла беҳтар гаштани сифати таҳсил дар ҷумҳурӣ ва таълиму тарбияи дурусту мукаммали насли наврасу ҷавон тамоми саъйю талоши худро ба харҷ дода, хонандагону донишҷӯёни тоҷик зимни иштирок дар озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ тавассути афрохтани Парчам давлати азизамон – Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 24, 2023 08:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид