Дар вилояти Суғд ба шарафи Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон роҳпаймоии идона баргузор шуд

Ноябрь 24, 2023 16:12

ДУШАНБЕ, 24.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 24 ноябр ҳазорон нафар сокинони касбу кори гуногуни вилояти Суғд ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви маркази вилоят-шаҳри Хуҷанд  роҳпаймоӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Сокинон аз ду самти хиёбон дар даст Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ифтихор ва ҳисси баланди миллӣ роҳпаймоӣ намуда, дар майдони Парчами давлатӣ сарҷамъ шуда, дар ҳамоиши идона иштирок намуданд.

Иброз гардид, ки Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи муҳими давлати соҳибистиқлол, нишонаи ҳаёти осоишта, ваҳдат, сарафрозӣ ва ифтихори миллии ҳар шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.​

Таърих шаҳодат медиҳад, ки аслан парчамбардорӣ барои аҷдоди мо – тоҷикон ҳанӯз аз замонҳои дури таърих сарчашма гирифта, хосияти бузурги тарбиявию ахлоқӣ дошт. Дар ин раванд эҳтиром ба Парчами миллӣ- ин муҳаббат ва арҷгузорӣ ба давлату халқ, ба руҳи поку мероси аҷдоди бузурги худ буда, ҳар кадоми моро ба ваҳдату сулҳу субот, созандагиву ободкорӣ, тавоноиву нерумандӣ ҳидоятгар мебошад.


Мояи ифтихор аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 августи соли 2011 дар арафаи ҷашни 20 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе Парчами давлатӣ, ки яке аз баландтарин дар ҷаҳон маҳсуб мешавад, бо баландии 165 метр барафрохта шуд.

Моҳи апрели соли 2014 дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатӣ дар пояи баландиаш 55 метр парафшон гардид.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси филояти Суғд

Ноябрь 24, 2023 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид