Дастаи «Истиқлол» ғолиби Суперлигаи Тоҷикистон-2023 оид ба футзал гардид

Ноябрь 27, 2023 10:01

ДУШАНБЕ, 27.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 25 ноябр дар шаҳри Душанбе Суперлигаи Тоҷикистон-2023 оид ба футзал ба анҷом расид. «Истиқлол» дар бозии панҷуми силсилаи ниҳоӣ бар дастаи «Соро компания» бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуда, аввалин маротиба чемпиони Тоҷикистон шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад. 

Ҳамин тариқ, «Истиқлол» ғолиби Суперлигаи Тоҷикистон-2023 оид ба футзал гардид. Медалҳои нуқра насиби бозигарони «Соро компания» шуданд. Дастаи «Амонатбонк» барандаи медали биринҷии чемпионат шуд.

Дарвозабони «Истиқлол» Фирӯз Бекмуродов беҳтарин дарвозабони бозии ниҳоӣ эътироф гардид. Ҷоизаи беҳтарин ҳимоятгар ба легионери эронии «Соро компания» Муҳсин Муҳаммадзода супорида шуд.

Беҳтарин бозигари вохӯрии панҷуми силсилаи ниҳоӣ муаллифи голи пирӯзиовар- ҳимоятгари «Истиқлол» Раҳмоналӣ Шарифов гардид.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Ноябрь 27, 2023 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд