«ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчамдории миллати тоҷик таърихи қадимӣ дорад
ДУШАНБЕ, 23.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Қадимтарин парчами давлати тоҷикон мувофиқи сарчашмаҳо «Дирафши ковиёнӣ» будааст ва шоҳони сосонӣ онро дар сафарҳои ҳарбӣ ва муҳорибаҳо ҳамеша аз пешгоҳи сипоҳ мебурданд, ба дасти душман афтидани он нишони шикаст ва мағлубияти давлат будааст. Бинобар ин, шоҳон онро муқаддас медонистанд. Дар сарчашмаҳои адабию таърихӣ асли баромади «Дирафши ковиёнӣ» – ро ҳамон парчами чармини Коваи оҳангар донистаанд, ки ӯ бо ин парчам бар зидди Заҳҳоки морон исён намуда буд. Дар ин хусус номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёт ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев Сардорбек Азорабеков ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
— Парчам бо вожаҳои алам, роят, байрақ, ливо, ялав ва дирафш ҳаммаъно мебошад. Он рамзи давлат, миллат, синф, ягонагии ҳарбӣ, ҳизбӣ, динӣ ва ҷамъияту ташкилоти гуногун буда, аз матои якрангу бисёрранга ва дорои нишонаҳои махсус иборат буда метавонад, инчунин дар идҳои махсус дар болои бинои вазоратҳо, кумитаҳо, ташкилоту муассисаҳои марказӣ ва маҳаллии давлатӣ, сафоратхонаҳо, консулхонаҳо, намояндагии дипломатӣ дар хориҷа, хиёбону растаҳо афрохта мешавад.
Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, парчамдории миллати тоҷик таърихи қадимӣ дошта, бо давлатдории замонҳои Пешдодиён, давлатдории Куруши Кабир, Ҳахоманишиҳо (Дирафши ковиён), Сосониён, Кӯшониён, Сомониён, ба қавле зиёда аз 30-ҳазорсола ҳамсафар, муттаҳидкунандаи миллат ва дорандаи давлати миллӣ будааст. Худи сермаъноии вожаи «парчам» ва муродифоти он таърихи қадимӣ доштани давлатдории тоҷиконро бозгӯ менамояд. Аз калимаҳои ҳаммаънои байрақ, дирафш, роят, ливо ва парчам маълум мегардад, ки он дар ҳар давраи таърихӣ рамз, ном, намо, ҳадаф ва хосияти ба худ хос ва дар давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи умда доштааст.
Ба ҳамин маъно Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониашон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуда буданд, ки «ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноӣ аст, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати неруманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин метавон аз ливои Коваи бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад».
Аз гуногунрангии парчами миллӣ бармеояд, ки он дар ҳар давраи таърихӣ орзуву умед ва армони халқ, маданияту сарнавишти он ва сохти ҷамъиятро инъикос намудааст.
Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» қиёми Коваи оҳангар бар зидди зулму ситами Заҳҳоки морбардӯш ва дар гирди «Ковиёнӣ дирафш» муттаҳид гаштани халқи мазлуму ситамдидаро барои ба даст овардани озодиву истиқлолият қисса намуда, дирафшро мояи асосии пирӯзии некӣ бар бадӣ ва адолат бар зулм дар он ҷанг донистааст. Коваи оҳангар пешдомани чарминашро ба нӯги найза баст ва онро чун байрақ барафрошта, бар сари бозор рафт, нидо зад ва мардуми зиёди ситамдида гирди ливои ӯ ҷамъ омада, Заҳҳоки хунхорро аз тахт ва Фаридунро аз Алурзкӯҳ оварда, ба тахти шоҳӣ шинонданд. Фаридун байрақи чармини Коваро рамзи нек дониста, фармон дод, то чармпораи Коваро бо порчаҳои гаронбаҳо ва зару гавҳар оростанд ва онро «Дирафши ковиёнӣ» номиданд. Аз он баъд ҳар касе, ки подшоҳ мешуд, он чарми оҳангарии Коваро бо дурру гавҳарҳои нав ва порчаҳои нафиси гаронбаҳо меорост, ба тавре ки дирафш дар шаби тор чун ситора медурахшид, аз ин рӯ онро «Ахтари коваёнӣ» ҳам мегуфтанд. Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» маҳз рангҳои рамзии «Дирафши коваёнӣ»- сурху зарду бунафшро ҳамчун фоли фаррухпай ба зевари тасвир дароварда, гуфтааст, ки ин байрақ минбаъд меросӣ гардида, ҳар шоҳе дар даври худ онро гиромӣ дошта, перояҳо бастааст:
Бизад бар сари хеш чун гирди моҳ,
Яке фоли фаррухпай афканд шоҳ.
Фурӯ ҳишт з- ӯ сурху зарду бунафш,
Ҳаме хондаш «Ковиёнӣ дирафш».
Аз он пас ҳар он кас, ки бигрифт гоҳ,
Ба шодӣ ба сар барниҳодӣ кулоҳ.
Бар он бебаҳо чарми оҳангарон,
Баровехтӣ нав ба нав гавҳарон..
Ҳанӯз аз замонҳои қадим бар муқобили ҳар давлате, ки душмане қарор мегирифт, мардум дар атрофи парчами хеш муттаҳид гашта, ба хотири муҳаббату садоқат ба Ватан қасам ёд менамуданд.
Дар асри навини тоҷикон, дар даврони истиқлолият парчами давлатӣ бо намои дигар дар ҷилои рангҳои худ ҷилвагар гардида, дар устувор гардондани пояҳои истиқлолият, таҳкими сулҳу ваҳдат, иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ифодаи мақсаду мароми созандаи тоҷикон ва ҳифзи ҳувияти миллии онҳо нақши бузург дорад.
Ранги сурх дар он рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз — нишони сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият дониста шудааст. Тоҷ ва ҳафт ахтар дар он ба решаҳои таърихии давлатдории тоҷикон ва қадимӣ будани он рабт дорад.
Тавре Пешвои миллат изҳор доштаанд, «пос доштан ва ҳимоя намудани Парчами миллӣ бо ҳифзи Ватан, падару модар, аҳли хонавода ва суннатҳои халқи азиз тавъам аст».
Аз ин рӯ Парчами давлатӣ мояи ифтихори ҳар сокини Тоҷикистон буда, эҳтиром ва гиромӣ доштани он қарзи шаҳрвандии мо мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»