Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо Донишкадаи иқтисодии Донишгоҳи педагогии Шинҷони Чин Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид

Ноябрь 27, 2023 18:14

ДУШАНБЕ, 27.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Байни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишкадаи иқтисодии Донишгоҳи педагогии Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд.

 Зимни мулоқоти роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва ҳайати Донишкадаи иқтисодии Донишгоҳи педагогии Шинҷон  ҷонибҳо оид ба табодули таҷрибаи донишҷӯёну олимони ҷавон барои идомаи таҳсил дар зинаи бакалавр, магистратура ва докторантура PHD ва оид ба такмили ихтисоси мутахассисони ҷавон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Инчунин меҳмонон бо факултети забонҳои шарқи донишгоҳ, ки аз рӯи ихтисоси забони чинӣ мутахассис омода менамояд, шинос шуда, ба раванди таълим ва сатҳи донишомӯзии донишҷӯён баҳои баланд доданд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Ноябрь 27, 2023 18:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази миллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд
Байни Вазорати маориф ва илм ва Идораи маорифи шаҳри Сежонги Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хонандаи шаҳри Душанбе дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот сазовори ҷойи якум гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 18 ҳазор нафар забони олмониро меомӯзанд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
11 сол қабл дар Тоҷикистон дохилшавӣ ба муассисаҳои олии касбӣ тавассути низоми тестӣ амалӣ гардид
Имрӯз даври якуми Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ оғоз гардид
Фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардид
Пагоҳ даври якуми Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз мегардад
Равоншиноси Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Сино Манижа Раҷабова ғолиби озмуни байналмилалӣ гардид
Шумо барои фарзандатон дар таътили тобистона реҷаи рӯз тартиб додаед?
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Барои дар ёфтани маркази имтиҳонӣ ба мушкил дучор нагардидан чӣ бояд кард?