ЭҲТИРОМ ВА РИОЯИ КОНСТИТУТСИЯ- ВАЗИФАИ ҲАР ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо оид ба ин санади олии сиёсӣ
ДУШАНБЕ, 06.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 6 ноябр мардуми шарифи Тоҷикистон Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ ҷашн мегиранд, зеро маҳз ба шарофати амалӣ гардидани меъёрҳои ин санади сарнавиштсоз ҷомеаи мо аз давраи бисёр душвори таърихӣ раҳоӣ ёфта, дар ҳамаи соҳаҳо тадриҷан ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардид ва имрӯз ба сӯи фардои боз ҳам ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад. Хабарнигори АМИТ «Ховар» Нарзулло Ализода вобаста ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Суди конститутсионӣ, Раиси Суди Олии иктисодӣ ва прокурори ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳамсуҳбат гардид, ки дар зер андешаи онҳоро пешкаш менамоем.
Конститутсияи Тоҷикистон дар роҳи бунёд ва рушди давлати навини тоҷикон нақши сарнавиштсоз дорад
Абдулҳафиз АШӮРЗОДА, Раиси Суди конститутсионӣ:
— Дар раванди танзими муносибатҳои муҳимми ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин ташкил ва фаъолияти ниҳодҳои бунёдии давлатдорӣ нақш ва манзалати Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоят бузург аст. Конститутсияи Тоҷикистон дар роҳи бунёд ва рушди давлати навини тоҷикон нақши сарнавиштсоз дошта, яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлол мебошад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дар шароити ниҳоят мураккаб ва ҳассос қабул гардида, ҳадафи асосии он танзим намудани муносибатҳо дар ҷомеа, муқаррар намудани асосҳои сохтори конститутсионии давлат, муайян намудани ҷойгоҳи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва амиқан дарҷ намудани сохтору салоҳияти ниҳодҳои муҳимми давлатӣ ба ҳисоб мерафт.
Бояд гуфт, ки ҷиҳати расидан ба ин ҳадаф зарурат ба миён омад, то ин санади барои давлату миллати тоҷик тақдирсоз ҳамовозии тамоми халқи тоҷикро соҳиб шавад. Маҳз бо ҳамин назардошт лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод шуд ва халқи тоҷик дидгоҳи худро ҷиҳати таҷдид намудани меъёрҳои қонуни асосии давлат иброз намуд. Пас аз мукаммал намудани лоиҳаи Конститутсия бо назардошти ҳуқуқу манфиатҳои тамоми субъектҳо он барои қабул гардидан ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод шуд. Мояи хушнудӣ аст, ки дар раъйпурсии умумихалқӣ зиёда аз 95 дарсади шаҳрвандон иштирок намуда, зиёда аз 87 фоизи онҳо ба ҷонибдории қабули Конститутсия овоз доданд ва ба ҳамин минвол, 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Дар ин санади олии ҳуқуқӣ якчанд масъалаҳои муҳим, аз қабили танзими асосҳои сохтори конститутсионӣ, муайянсозии ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тарзи ташкил ва фаъолияти ниҳодҳои бунёдии давлат ба таври ҳаматарафа мавриди танзим қарор гирифтаанд.
Бояд махсус иброз намуд, ки бо назардошти рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ меъёрҳои Конститутсия ҳамчун санади ҳуқуқӣ пайваста дар мутобиқсозӣ бо ин муносибатҳо қарор доранд, яъне он хусусияти догмагӣ надорад. Бо ин назардошт ҷиҳати танзим намудани муносибатҳои нави ҷомеа ва мутобиқ сохтани меъёрҳои қонуни асосӣ ба талаботи замон зарурат ба миён омад, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба – 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид намоем. Дар натиҷаи ислоҳоти конститутсионӣ меъёрҳои Конститутсия аз нигоҳи ҳуқуқӣ, забонӣ ва мантиқӣ мустаҳкамтар шуданд. Дар умум метавон ишора намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 29 соли амал заминаи воқеии бунёди низоми ҳуқуқии миллӣ ва ташаккули низоми қонунгузории ватаниро гузошт.
Дар Конститутсия инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардидаанд
Раиси Суди Олии иқтисодӣ Рустам МИРЗОЗОДА:
— Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба марҳилаи нави рушд ворид гардид, ки асоси ҳуқуқии онро Эъломияи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 ташкил медиҳад.
Дар таърихи инкишофи ҳар миллат вақеаҳое рух медиҳанд, ки онҳо асоси бунёди эъмори давлати миллӣ шуда метавонанд.
Ба ҷумлаи ҳамин гуна воқеияти таърихӣ барои давлатдории навини тоҷик рӯзи фаромӯшнашаванда, яъне 6 ноябри соли 1994 шомил мегардад. Зеро маҳз дар ҳамин рӯз халқи Тоҷикистон дар байни дигар давлатҳо яке аз аввалинҳо шуда, Конститутсияи худро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд, ки дар қабули он саҳми ҷавонон низ назаррас мебошад. Зеро дар раъйпурсии умумихалқӣ бобати қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонон низ фаъолона иштирок ва онро ҷонибдорӣ намуданд, ки имрӯз нақши созандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи сарнавиштсози миллати тоҷик басе муҳим арзёбӣ мегардад.
Мақсади асосии халқ ҳангоми қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин таъмини соҳибихтиёрии давлат ва рушду камоли он, эълон намудани озодӣ ва ҳуқуқи шахс, эътироф намудани баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқият ва бунёди ҷомеаи адолатпарвар ба ҳисоб меравад. Дар Конститутсия инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардидаанд.
Дар зарфи 29 соли амали ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, ки аз нигоҳи таърихӣ тӯлонӣ нест, барои эҳтироми арзишҳои пазируфташудаи инсонӣ, ба монанди эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини шароити хуби зиндагӣ барои ҳар шахс фазои мусоиди ҳуқуқӣ ба вуҷуд оварда, аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ яке аз беҳтарин конститутсияҳо дониста шуд. Ин гувоҳи он аст, ки маҳз Конститутсия дар Тоҷикистон барои эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаи устувори ҳуқуқӣ гузошта, механизми ҳамкории мақомоти давлтиро бо ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар идоракунии корҳои давлатӣ муайян намуд.
Аз ин лиҳоз омӯхтан, донистан, эҳтиром ва риоя намудани Конститутсия вазифаи ҳар шаҳрванди мамлакат ба ҳисоб меравад. Зеро Конститутсия пояҳои давлати моро устувор нигоҳ медорад ва роҳи моро ба сӯи ҷомеаи пешрафта, давлати тараққикарда ва зиндагии ободу озод ҳамвор месозад.
Конститутсия мисли чароғ роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар менамояд
Фаррухи КОМИЛ, прокурори ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе:
— Тавре ба ҳамагон маълум аст, 6 ноябри соли равон мардуми Тоҷикистон 29-солагии Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ҷашн мегиранд.
Соли 1994 дар ин рӯз мардуми шарифи Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи навро қабул намуд, ки он дар таърихи навини Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз мавқеи махсус касб намуд. Он дар як давраи ҳассоси таърихӣ қабул гардида бошад ҳам, тавонист, ки дар қатори беҳтарин конститутсияҳои давлатҳои ҷаҳон ҷой бигирад. Тамоми дастовардҳои минбаъдаи ҷумҳурӣ дар соҳаҳои сиёсат, иқтисодиёт ва дигар бахшҳо маҳз аз Конститутсия сарчашма мегиранд.
Мардуми тоҷик бо майлу иродаи худ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ 29 сол муқаддам нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро қабул намуд. Тавассути ин дастоварди олӣ халқи Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо сарбаландӣ собит сохт, ки соҳиби давлати соҳибихтиёри худ буда, барои тақвияти минбаъдаи он саъю талош менамояд.
Қабули Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди бузургу тақдирсоз барои гузариш ба марҳалаи нави рушди ҷомеаи мамлакат, яъне ба сӯи бунёди давлати ҳуқуқбунёду иҷтимоӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи боэътимод гузошта, барои таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ, пойдории сулҳу субот ва устувории ваҳдати миллӣ ҳамчун роҳнамо хизмат намуд.
Конститутсия ҳамчун санади олии сиёсӣ ба амалӣ гардидани ҳокимият аз ҷониби халқ ва иштироки ҳар шаҳрванд дар идоракунии ҷамъиятиву давлатӣ, таҷзияи ҳокимият замина гузошта, баробарии ҳамаро дар назди қонун ва гуногунандешии сиёсиву мафкуравиро дар мамлакат кафолат медиҳад.
Тамоми дастовардҳое, ки тӯли 29 соли амали Конститутсияи Тоҷикистон насиби халқу давлати мо гардид, ин ҳама натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва натиҷаи хираду заковати азими халқи Тоҷикистон мебошад. Имрӯз мамлакати моро дар ҷаҳони муосир ҳамчун давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд ва демокративу иҷтимоӣ эътироф менамоянд ва мавқеи онро ҳангоми ҳалли масъалаҳои муҳимми байналмилалӣ ба инобат мегиранд.
Конститутсияи давлатамон, ки меъёрҳои он аз принсипи инсондӯстӣ маншаъ мегиранд, ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози сиёсиву ҳуқуқӣ эътироф гардида, дар он арзишҳои муҳимми ҳаётӣ, изҳори ирода ва марому мақсади кулли сокинони мамлакат ба таври возеҳ инъикос гардидаанд.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқии давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, дахлнопазирии ҳудуди ҷумҳурӣ, шакли давлатдорӣ, моҳият ва вазифаҳои давлат, муқаддасоти давлатдорӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, асосҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон эълон шудаанд.
Ин санади муқаддас ва тақдирсоз мисли чароғе аст, ки роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар менамояд. Аз ин хотир, мову шумо бояд кӯшиш намоем, ки онро чун муқаддасоти миллӣ ва дастури зиндагии наслҳои имрӯзу фардои мардуми тамаддунсози тоҷик эҳтиром ва ҳамеша аз рӯи муқаррароти он амал намоем.
Нарзулло АЛИЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»