ФУТБОЛ. Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе барандаи даҳкаратаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
ДУШАНБЕ, 02.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 бар дастаи «Равшан»-и Кӯлоб пирӯз шуда, барандаи даҳкаратаи ин ҷоиза гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Қаблан бошгоҳи шаҳри Душанбе дар солҳои 2009, 2010, 2013, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019 ва 2022 барандаи Ҷоми Тоҷикистон шуда буд. Барои сармураббӣ Игор Черевченко ин аввалин ҷоиза бо «Истиқлол» ба ҳисоб меравад.
Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 1 ноябр дар варзишгоҳи «Кӯлоб Арена» баргузор шуд, ки беш аз 12 ҳазор мухлис тамошо намуданд. Вақти асосии бозӣ мусовӣ — 0:0 анҷом ёфт. Дар қисматҳои изофӣ дастаҳо якголӣ заданд – 1:1. «Истиқлолиҳо» ба голи легионери ганагии «Равшан» Ҷозеф Акомади бо зарбаи дақиқи ҳимоятгари марказӣ Содиқҷон Қурбонов посух доданд.
Дар силсилазарбаҳои пеналти «Истиқлол» муваффақ шуд – 4:2. Дарвозабон Рустам Ятимов зарбаи ҷаримавии дарвозабони «Равшан» Евгений Гритсенкоро баргардонд ва дар ниҳоят беҳтарин бозигари финал эътироф гардид.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад






