Хизматрасонии «Дорухона»: Доруҳоро бо ёрии смартфон бихаред

Ноябрь 14, 2023 11:16

ДУШАНБЕ, 14.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар замимаи «МегаФон Life» хизматрасонии «Дорухона» барои фармоиши доруворӣ ва дигар маҳсулоти тиббӣ ворид шуд. Сокинони Душанбе метавонанд тавассути  он  фармоишҳоро ба расмият дароварда, маблағашонро  пардохт намоянд, раванди молрасониро ба суроғаи гуфташуда пайгирӣ созанд. Ин қисмат  дар «Ҳамён»-и замимаи мобилӣ ҷойгир шудааст.

Чӣ тавр дорувориро метавон пайдо намуд

Дар «Ҳамён»дар қисми «Хизматрасониҳо» ифодаи «Дорухона»-ро интихоб намоед. Он ҷо дар саҳифаи асосӣ молҳои навин, молҳо бо тахфиф ва пешниҳодҳои мавсимӣ гузошта шудаанд. Дар «Каталог» ба шумо интихоб аз рӯи категорияҳо ва имкони ҷустуҷӯ аз рӯи ном  дастрас аст. Доруҳои заруриро дар қисми «Доруворӣ» интихоб намуда метавонед.

Агар шумо ба зудӣ «Дорухона»-ро дар замимаи  «МегаФон Life» пайдо накарда бошед, пас замимаро тариқи суроғаи life.tj то ҳадди намунаи охирин нав созед. Он ҷиҳати дастрасӣ ба ҳамаи сервисҳои наве, ки оператор баҳри пешниҳоди имкониятҳои мувофиқ ба  корбарон таҳия менамояд, кумак мекунад.

Харид чӣ гуна анҷом дода мешавад

Дар кунҷи рости поёни ҳар саҳифаи маҳсулот тугмача бо тасвири сабад мавҷуд аст. Бо пахши он шумо молро барои пардохти минбаъда ба канор  мегузоред. Дар ҳамон саҳифа маълумоти зарурӣ, ба монанди дастурамал, фикру мулоҳизаҳои  муштариён, рӯйхати маҳсулоти шабеҳи моли  интихобгардида низ ҷойгир аст.

Барои расмиёти фармоиш  бояд дар кунҷи поён тугмаи «Дар сабад»-ро  пахш намуда, ба қисми дахлдоре, ки нархи мол  бе назардошти арзиши дастраскунӣ  нишон дода шудааст, гузаред. Баъдан гуфтаи «Гузариш ба барасмиятдарорӣ»-ро пахш намуда, намуди молрасонӣ  (маъмулӣ ё фаврӣ) ва суроғаро нишон диҳед. Сипас «Пардохт карда шавад» -ро зер намоед. Маблағҳо метавонанд аз тавозуни «Ҳамён», корти бонкии ба замимаи «MeгаФон  Life» пайвастшуда ё корти қарзии «Орзу» гирифта шаванд. Шумо инчунин маблағҳои дар намуди кешбэк бадастомадаро   истифода бурда метавонед.

Диққат диҳед: маблағи фармоиш бояд на камтар аз 35 сомонӣ бошад!

Арзиши бурда расонидан чанд аст

Дастраскунии молҳои харидашудаи тиббӣ танҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе имконпазир аст. Ду вариант вуҷуд дорад: маъмулӣ ва фаврӣ. Агар саросема набошед, якумашро   интихоб намоед — дар ин ҳолат шумо бояд барои молрасонӣ 5 сомонӣ пардохт созед, фармоиш давоми 3 соат расонида мешавад. Бурдарасонии  фаврӣ 20 сомонӣ аст, шумо молро на дертар аз 45 дақиқа мегиред.

Чӣ тавр ҳолати фармоиши пардохтгардида пайгирӣ мешавад

Баъд аз  пардохти бомуваффақият дар замимаи «МегаФон Life»,  push-огоҳӣ ворид мегардад.  Барои пайгирии ҳолат бояд тугмаи «Фармоишҳои  ман» -ро дар кунҷи рости болои экран пахш намоед. Ин қисм  маълумотро дар бораи ҳаракати фармоиш инъикос менамояд.

Аз «Дорухона»-и замимаи «МегаФон Life» истифода баред ва тансиҳат бошед!

Шарики хизматрасонӣ – шабакаи дорухонаҳои Salomat.tj.

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Ноябрь 14, 2023 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«Барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ нақшаи истеҳсоли пилла иҷро шуд
БАРНОМАИ РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Дар муассисаҳои шаҳри Кӯлоб санҷишу вохӯриҳо баргузор шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30+36 дараҷа гарм мешавад
Доир ба аҳамияти ташаббусҳои Пешвои миллат дар эҳёи адолати таърихӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Кишоварзони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар 8100 гектар пунбадона кишт намуданд
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расиданд
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Шаҳринав толори хурди варзишии футбол ба истифода дода шуд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад