ХУРШЕДСИМОЮ БОВИҚОР, САРБАЛАНДУ ҶАВОНМАРД, ХИРАДМАНДУ ДУРАНДЕШ – ПРЕЗИДЕНТИ НОМБАРДОРИ МО! Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 15, 2023 08:27

ДУШАНБЕ, 15.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Таърих гувоҳ аст, ки дар лаҳзаҳои сарнавиштсози ҳар миллат шахсиятҳое зуҳур менамоянд, ки масъулияти ояндаи миллатро ба дӯш гирифта, мамлакат ва мардуми хешро аз вартаи фурӯпошию ҳалокат наҷот медиҳанд. Равшан аст, ки на ҳама сарварони давлатҳо ба таърих ҳамчун пешвои миллат ворид гардида, халқи худро аз парокандагӣ, миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз завол наҷот медиҳанд.

Давлати навбунёди Тоҷикистон ва мардуми шарифи он дар марҳилаи аввали истиқлолият — дар ибтидои солҳои 90-уми асри XX ба мушкилоти азими сиёсӣ, ки ба даргириҳои шадиди дохилӣ мубаддал гашт, рӯ ба рӯ шуданд. Додгоҳи таърих ва тақдир миллати моро дар саргаҳи эълон ва интихоби соҳибихтиёрӣ бо сабабҳои зиёди дохилию хориҷӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ кашид.

Миллати тоҷик дар он вазъи басе мураккаб воқеан ба роҳнамову сарвар, пешвои дурандешу хирадманд, боиродаву ботадбир ниёз дошт, ки фавҷи бузургро бо ақлу хирад ва тавони имону инсонгарӣ, фаросату наҷобат аз роҳи хато баргардонад, миллатро сарҷамъ намуда, аз паси хеш барад.

Дар чунин шароити ҳассоси сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ баргузор намудани Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) танҳо ягона роҳи наҷоти Ватан буд.

Тибқи қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таъмини шароити амниятӣ Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ дар вазъи ҳассос ва аз нигоҳи сиёсӣ ноором доир гардида, дар он бо раъйи бештари вакилон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Он рӯзи таърихиву сарнавиштсоз ва наҷотбахши миллати тоҷик, яъне 16 ноябри соли 1992 дар саҳифаҳои таърихи навини ҷумҳурии мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.

Зеро Пешвои миллат чун сиёсатмадори даврони нав бо қалбу нияти пок, ҷасорату далерӣ, хидмати содиқона ба халқу Ватани азизи худ ба арсаи сиёсат қадам ниҳоданд.

Замоне, ки роҳбари ҷавони ҳамагӣ чилсола, вале ватандӯсту маърифатпарвар, поктинату инсондуст, қавииродаву адолатпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро бар дӯш гирифта, умеди мардумро дубора ба ояндаи неки мамлакату давлат зинда намуданд, Тоҷикистони тозаистиқлоли мо рӯзҳои мушкилтаринро ба сар мебурд, касе ба ояндаи дурахшони давлату миллати қариб ба нестӣ расида бовар надошт.

«Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард.. Ё ман дар Тоҷикистон сулҳро барқарор менамоям, ё дар ин роҳ ҷони худро медиҳам. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам, ҳар чӣ аз дастам меояд, дар ин роҳ талош хоҳам кард…. ». Ин паёми умедбахш ва боваринок дар суханронии нахустини Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо дод ва татбиқи амалии ин суханони арзишмандро таърих собит намуд.

Баъди баргузории иҷлосия – 12 декабри соли 1992 – Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кафили соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии давлати Тоҷикистон ба халқи тоҷик муроҷиат намуданд, ки ҳадафи он ҳамчун барномаи стратегӣ ба эътидол овардани вазъи мураккаби сиёсии ҷумҳурӣ ва муҳайё сохтани шароит барои рушди бонизоми соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти мамлакат буд.

Дар муроҷиатнома масъалаҳои муҳимми сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ инъикос ёфтанд, аз ҷумла ҳарчи зудтар дар мамлакат барқарор намудани шохаҳои ҳокимият ва мақомоти идоракунии фалачгардида, баргардонидани гурезаҳо, ба роҳ мондани фаъолияти муътадили мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар тамоми қаламрави мамлакат, таъсиси Артиши миллӣ, пурзӯр гардонидани ҳимояи сарҳади давлатӣ, барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ бо давлатҳои хориҷӣ ва дигар масъалаҳои муҳимме, ки дар мустаҳкам намудани соҳибистиқлолии давлатамон нақши муассир бозиданд.

Президенти мамлакат  то ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва ба даст овардани Ваҳдати миллӣ, ки зиёда аз 40 моҳ идома ёфт, 21 маротиба бо сарварони собиқ иттиҳоди мухолифини тоҷик музокира ташкил намуда, 40 ҳуҷҷати барои тақдири миллат муҳим ба имзо расониданд.

Пешвои миллат ҳамчун сарвари давлат то расидан ба Ваҳдати миллӣ оромиро эҳсос намекарданд, руҳашон барои зиндагии нотинҷи ҷумҳурӣ, сӯхтану бетартибиҳои яроқбадастон азият мекашиду қалбашон ба мардуми фирорӣ месӯхт. Дар чунин вазъияти хеле душвор ва басе нобасомон пайваста ба мардуми фирорӣ таъкид менамуданд: «Ҳамватанони азиз, ба Ватан баргардед! Ба шумо кӯҳи тилло ваъда намедиҳам, аммо як пора ноне, ки дорем, бо ҳам мехӯрем».

Натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ ва ҷоннисориву аз худ гузаштанҳои Пешвои миллат буд, ки дар ҷумҳурии мо сулҳ шуд, оромӣ шуд ва давоми солҳои 1993-2000 ҳамагӣ 950 ҳазору 599 нафар ба ҷойи зисти аввала баргаштанд. 36 ҳазор хонаи пурра ва ё қисман харобгашта дар муддати кӯтоҳ барқарор гардид.

Дастоварди пурарзиш дар даврони истиқлолияти мамлакат, ки миллати тоҷикро аз ҷудоиву парокандагӣ наҷот бахшид, бешубҳа, расидан ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва оромиву пешрафти ҷомеа мебошад, ки он бо фаъолияти шабонарӯзӣ ва густурдаи Пешвои муаззами миллат пайвасти ногусастанӣ дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сарҷамъии миллат, сулҳу ваҳдат, суботи сиёсиву иҷтимоӣ, ки аз ҷумлаи шоҳсутунҳои кохи муҳташами истиқлол, сарчашмаи бахту иқболи халқи тоҷик ва кафолати рушди муназзаму устувори давлати тоҷикон мебошанд,  заҳмати ватандӯстона намуда, борҳо ҷони худро зери хатар гузоштаанд.

Имрӯз, вақте саҳифаҳои таърихро варақгардон менамоем ва ба он солҳои мудҳиш назар меафканем, бемуболиға иқрор мешавем, ки ин як даврони имтиҳони таърихии давлати мо буд, ки халқи тоҷик зери роҳбарии қаҳрамони бемисли худ — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он на танҳо бо сарбаландӣ гузашт, балки барои зиндагии орому осоишта ва фаъолияти созандаи сокинони мамлакат, иҷрои корҳои муайяни давлатсозию давлатдорӣ барои наслҳои оянда ва рушди ҳокимияти намояндагӣ ба сӯйи парламентаризми касбӣ шароити мусоид фароҳам овард.

Дар замони соҳибихтиёрӣ дар ҷумҳурӣ маҳз таҳти сарвариву роҳбарии марди шуҷоъ Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди давлати демократии дунявӣ, ягона, ҳуқуқбунёд ва миллӣ асоси қавӣ гузошта шуда, Тоҷикистон соҳиби рамзҳои давлатӣ – Нишон, Парчам, Суруди миллӣ, инчунин Конститутсия ва  пули миллӣ  гардид, Артиши миллии хешро таъсис додаву устувор намуд.

Натиҷаи сиёсати бобарору хирдамандонаи Пешвои миллат ва расидан ба марзи сулҳу оштӣ буд, ки дар мамлакат таҳаввулот ва дигаргунсозиҳои азим дар соҳаҳои итҷимоию иқтисодӣ ба вуқуъ пайваста, дар фурсати кӯтоҳи таърихӣ тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа рушду нумуъ намуд.

Тоҷикистони соҳибихтиёр дар ин марҳилаи таърихӣ бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат беш аз пеш рушду тараққӣ намуда, намои таъриху тамаддуни воқеии тоҷиконро дар симои Тоҷикистони муосири соҳибистиқлол ифода намуд.

Бо шарофат ва ҷаҳди фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ мегарданд.

Барои мисол, дар натиҷаи сиёсати дурандешонаи Сарвари давлат тайи бисту як соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмуи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум ба 115 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд.

Дар ин давра сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 ба 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуда, ҳамасола сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд мегардад. Танҳо дар панҷ соли охир даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018, ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид, ки аз ҷумлаи муҳимтарин дастовард ва нишондиҳандаи беҳтарини даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ дар зарфи беш аз се даҳсолаи охир дар ҷумҳурӣ зиёда аз 2000 мегаватт иқтидорҳои иловагии энергетикӣ бунёд гардида, беш аз 2400 километр роҳҳои замонавӣ сохта шуданд.

Дар шаҳру деҳоти мамлакат қомат афрохтани садҳо бинои маъмурӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ, ба фаъолият пардохтани корхонаву коргоҳҳои гуногун, бунёди маконҳои фарҳангиву фароғатӣ, варзишиву солимгардонӣ, азнавсозии роҳу пулҳо маҳз хизматҳои бузург ва таърихии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Сохтмони бузурги аср – Неругоҳи барқи обии «Роғун» низ бо қудрати беҳамтои руҳиву равонии бузургтарин фарзанди нобиғаи даврони мо- муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфта, алҳол бо суръати баланд идома дорад.

Мояи ифтихори ҳар шаҳрванди мамлакати соҳибистиқлолу соҳибиқбол аст, ки  солҳои охир дар баробари дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ пойтахти ватани маҳбубамон – шаҳри Душанбе дар заминаи роҳнамоиву ҳидоятҳои Пешвои миллат ва саъю талоши шаҳрдори ҷавону соҳибирода муҳтарам Рустами Эмомалӣ рӯз аз рӯз ободу зебо гардида, дар пойтахт раванди навсозиҳо бо тарҳи муосир рушд менамояд, ки симои шаҳрро дилнишин ва рушди онро ба шаҳрҳои бузурги олам ҳамоҳанг сохтааст.

Бунёду навсозии садҳо иншооти маъмуриву истиқоматӣ, хизматрасониву маишӣ, роҳу пулҳо, эстакадаву таваққуфгоҳҳо, боғу гулгаштҳои замонавӣ ва коху маҷмааҳои муосир шаҳри зебоманзари Душанберо ба яке аз шаҳрҳои пешрафтаву ҳамешасабз табдил додааст. Танҳо давоми солҳои 2017 – 2019 бо ибтикори Пешвои муаззами миллат боғҳои нави фарҳангию фароғатии «Куруши Кабир», «Аҳмади Дониш», «Алишер Навоӣ», «Восеъ»,  «Ҷавонон» бунёд гардида, боғҳои фарҳангию фароғатии «Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ», «Хайём», «Садриддин Айнӣ», «Абулқосим Фирдавсӣ», «Кӯли ҷавонон», «Боғи кӯдакон», «Ғалаба», «Александр Мироненко» ва  гулгашту хиёбонҳо баъди навсозӣ ва таъмиру таҷдиди куллӣ мавриди баҳрабардории сокинону меҳмонони пойтахт қарор гирифтаанд.

Ҳамзамон дар шаҳри Душанбе бунёд гардидани Маҷмааи «Майдони Истиқлол»- каъбаи умеди тоҷикистониён ва тоҷикони ҷаҳон бо рамзи бошукуҳи Истиқлол – нишони истиқлолу озодӣ, хоҳишу талоши миллати сарбаланди тоҷик аз корномаҳои беназир ва заҳматҳои фаровони дигари Президенти маҳбуби мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Маҷмааи «Майдони Истиқлол», ки бо санъати баланди меъмории миллӣ бунёд гардида, дар он осорхонаи шаҳр бо нигораву ашёи нодири таърихӣ ҷойгир шудааст, имрӯзҳо ба макони сайру саёҳати садҳо сокинону меҳмонони хориҷи ҷумҳурӣ табдил ёфтааст. Маҷмаа ҳамчун рамзи ҷовидонагии истиқлолият ва бақои давлати миллии тоҷикон барои тақвияти ҳисси миллӣ, болоравии ҳувияту худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандории наслҳои имрӯзу ояндаи халқи тоҷик нақши арзишманд мебозад.

Дар партави сиёсати маорифпарваронаву ҷавонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми  солҳои 2017 – 2021 дар пойтахт 27 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 45 ҳазор ҷойи нишаст дар ду баст ва 12 муассисаи томактабӣ  бо тарҳи замонавӣ барои беш аз 2 ҳазор тарбиятгиранда мавриди истифода қарор дода шуд, ки аз ғамхориву таваҷҷуҳи рӯзмарраи Пешвои миллат нисбат ба насли ояндасози ҷумҳурӣ дарак медиҳад.

Сарвари давлат  дар баланд бардоштани  обрӯву эътибори Тоҷикистон, шуҳратёр гардидани он дар арсаи байналмилалӣ, иштироки мустақими ҷумҳурии тозаистиқлол дар баррасӣ ва ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар масоили марбут ба Афғонистон, мубориза бар зидди хатарҳои ҷаҳони муосир, ба монанди терроризму экстремизм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ, ҳамчунин таъмини аҳолии сайёра бо оби ошомиданӣ, мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он саҳми назаррас доранд.

Дар ин радиф, бо шарофати сиёсати хирадмандонаву дурнигаронаи  Пешвои миллат Тоҷикистон ҳамкории худро бо шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба ҳамчун узви фаъол амалӣ намудааст.

Дар робита ба хизматҳои бузурги таърихии Президенти маҳбуби мо, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷин Пин барҳақ иброз доштааст: «Шумо Пешвое ҳастед, ки соҳиби муҳаббату эҳтироми мардуми Тоҷикистон гаштаед. Таҳти роҳбарии Шумо дар мамлакат суботи сиёсӣ, рушди иқтисодӣ ва боло рафтани сатҳи некӯаҳволии мардум таъмин гардида, Тоҷикистон дар ҳифзи сулҳу субот ва ҳавасмандгардонӣ ба он дар Осиёи Марказӣ саҳми муҳим мегузорад».

Воқеан дар ҷаҳони муосир Пешвои муаззами миллати моро ҷаҳониён эҳтиром менамоянд, ҳар ибтикороти созандаашонро пуштибонӣ намуда, амалӣ менамоянд ва Сарвари муҳтарами моро ҳамчун  роҳбари ташаббускор, намунаи ибрат, пешоҳанги амалу чорабиниҳо, ободиву созандагиҳо эътироф намудаанд.

Бо ташаббуси Пешвои миллати тоҷикон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дар саросари ҷаҳон эълон гардидани соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005 – 2015 даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», «Солҳои 2018 – 2028 – солҳои об барои рушди устувор», Соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21 март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» тасдиқи ин гуфтаҳост.

Ҳамзамон бо ибтикороти ватандӯстонаи Пешвои миллат барои нигоҳдорӣ ва муаррифии фарҳанги моддиву ғайримоддии халқи тоҷик «Шашмақом», «Фалақ», «Саразм», «Боғи миллии Тоҷикистон», «Наврӯз», «Оши палав», «Чакан» ва ҳамчунин дар доираи номинатсияи фаромиллии «Шоҳроҳи Бузурги Абрешим: долони Зарафшон-Қароқум» аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгориҳои Панҷакенти қадим, шаҳраки Санҷаршоҳ, қалъаи Ҳисорак, Гардани Ҳисор, Қалъаи Муғ, Қалъаи Қум, Тали Хамтуда, низоми обёрикунии Тоқсанкорез ва Оромгоҳи Хоҷа Муҳаммад Башоро ба феҳристи мероси ҷаҳонии  ЮНЕСКО ворид карда шуданд.

Бемуҳобот, метавон иброз дошт, ки ташаббусу ибтикороти созандаву бунёдкорона ва нақшаву ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Тоҷикистон, ки дар замони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳнамоиҳои Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардидаанд, ба хотири муҳайё сохтани шароити зиндагии шоиста барои ҳар сокини мамлакат, таъмин намудани истиқлоли энергетикии он, ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ва ба мамлакати пешрафтаву саноатӣ табдил додани Ватани маҳбубамон равона шудаанд.

Дар таърихи навини халқи тоҷик Ҷаноби Олӣ шахсияте ҳастанд, ки на танҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи давлатдории соҳибистиқлолии тоҷик ва ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста намудаанд.

Саҳм ва нақши Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои давлати навбунёди муосир, тоҷикону тоҷикистониён саҳми бузург ва нақши бунёдгузориро дорад.

Хизмату заҳматҳои таърихиву бунёдӣ, наҷотдиҳандаву созанда ва ҷоннисориҳои Президенти сулҳофар ва маҳбуби миллат дар хомӯш сохтани оташи ҷанги хонумонсӯз, гирифтани пеши роҳи парокандагии ҷумҳурӣ, ба Ватан баргардонидани гурезагон, барқарор намудани сохторҳои фалаҷгардидаи ҳокимият, таъсис ва таҳкими ҳокимияти давлатӣ, таҳия ва қабули Конститутсияи мамлакат, ташаккули институти парламентаризм, рушди низоми қонунгузорӣ, зери сиёсати созанда сарҷамъ намудани халқ, муттаҳидии ҷомеаи шаҳрвандӣ, ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, рушду нумӯи ҳар гӯшаи диёр, пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат бисёр бузург мебошад.

Пас месазад, ки мо, мардуми сарбаланду хушиқболи тоҷик бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи ҷомеаи Тоҷикистон, ки меъмори он Пешвои миллат ҳастанд, барои таҳкими Ваҳдати миллӣ ва пойдории истиқлоли ҷумҳурӣ, барои боз ҳам ба мулки озоду обод ва мутамаддину пешрафта табдил додани Ватани азизамон саъйю талош намоем.

Бузургии дигари Сарвари тоҷикони дунё дар он аст, ки Пешвои муаззами миллат  тамоми дастоварду пешравиҳои дар ин замон ноилшудаи давлату миллатро бо натиҷаи заҳмати содиқонаи халқи Тоҷикистон ва хурду бузурги он пайванд медонанд ва пайваста ифтихороти хешро аз мардуми бонангу номус, таҳаммулгаро баён медоранд.

Пешвои миллат зимни суханронӣ дар ҷаласаи ботантана ба муносибати 30 – солагии истиқлоли давлатӣ 9 сентябри соли 2021 аз ҷумла баён доштанд: «Халқи бузургвору қаҳрамони ман!

Ман аз хурду бузурги ту аз замин то осмон миннатдорам ва дар назди бузургиву шаҳомат, талошу матонат, ғайрату ҳиммат ва заҳмати содиқонаву софдилонаи ҳар як фарди ту сари таъзим фуруд меорам! Ман аз ҳамаи онҳое, ки дар солҳои вазнин бо ман ҳамкорӣ намуданд, миннатдорам ва ба ҳар яки онҳо камоли умру давлати пирӣ орзумандам. Мо бояд минбаъд низ сарҷамъу муттаҳид бошем, неъмати қиматтарини зиндагиамон – истиқлолу озодиро ҳимоя намоем, дастоварди бузургтарини даврони истиқлол – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам таҳкиму тақвият бахшем».

Бо итминон метавон иброз намуд, ки таҳти сиёсати созандаву бунёдкорона ва мардумсолоронаи Пешвои миллат — Қаҳрамоне, ки ният ва маромашон оромии ҳар хонадон ва рушду тарақии ҷумҳурӣ мебошад, ояндаи Тоҷикистон дурахшон ва фардои зиндагии мардуми тоҷик осудаву обод аст.

Зеро, таърих бо воқеаҳои сарнавиштсози худ собит намуд, ки интихоби Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъдан ба маснади Президенти мамлакат падидаи барҷастаи ояндасоз мебошад. Воқеан пешрафтҳои азиме, ки дар ин марҳила дар мамлакати соҳибистиқлоламон ба вуҷуд омадаанд, аз ҳар самте, ки назар афканем, ба иродаи қавии сиёсӣ, ғурури баланди миллӣ, кору пайкор, истеъдоди худодод, муҳаббати беназир ба халқу Ватан, басират ва неруи созандаи Сарвари хирадманду тавоно пайванд мегиранд.

Ин аст, ки маҳбубтарин шахсият дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо – дӯстдори хурду бузург, пиру барно, мардуми бурунмарзию бумӣ воқеан як нафари арзандаю шоиста, хуршедсимою бовиқор, сарбаланду ҷавонмард ва хирадманду дурандеш – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд ва инро миллионҳо нафар одамони касбу кори гуногун бо шодмонӣ тасдиқ менамоянд.

Бо эътимоди комил иброз медорам, ки асрҳои аср ном ва кору пайкори садоқатмандонаи шахси абармард- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузори давлати миллӣ бо номи Тоҷикистон ва сарнавишташон бо сарнавишти давлати соҳибистиқлоли тоҷикон пайванди абадӣ ёфтааст. Зиндагиву фаъолияти содиқонаву фарзандона ва доманадору пурсамари Пешвои миллат барои ҳар фарди бедордилу ватандӯст ва бонангу номус мояи ифтихору сарбаландӣ ва дарси ибрат гардидааст.

Ҳамин тавр, дастоварду пирӯзиҳои бесобиқаи замони соҳибистиқлол мо, мардуми соҳибтамаддуни тоҷикро водор менамоянд, ки бештар аз пештар бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил, фазои орому осуда, давлати соҳибистиқлол, Ватани азизу соҳибихтиёр ва Пешвои дилсӯзу ғамхор баҳри ноил гардидан ба навгониҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва комёбиҳои боз ҳам бештари илмиву фарҳангӣ содиқона заҳмат кашида, бо ифтихори баланди ватандорӣ озодиву истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатиро  ҳифз намоем, Ватани маҳбуби худро ободу пешрафта гардонида, нуфузу обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.

Мавсума МУИНӢ,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои таърих

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 15, 2023 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд
КОНФРОНСҲОИ ИҚЛИМИИ СММ. Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои ин конфронсҳо пешсаф аст
АЗ ПЕШВОИ КАҲРАМОН ВАТАНДӮСТӢ БИОМӮЗЕМ! Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон