Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои номусоид шуда, туман мефарояд
ДУШАНБЕ, 23.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ якбора номусоид гардидани вазъи ҳаво пешгӯӣ шуда, шабона дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф ба амал меояд. Рӯзона ҳавои тағйирёбанда гардида, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 13-18 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд шабона ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф ба амал омада, рӯзона ҳаво тағйирёбанда гардида, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок шуда, борон (дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борон бо гузариш ба барф), шабона дар ноҳияҳои алоҳида борони бошиддат ба амал меояд. Рӯзона ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 14-19 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шабона ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борони бошиддат ба амал омада, рӯзона туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе шабона ҳавои абрнок дар назар дошта шуда, борони бошиддат ба амал омада, рӯзона ҳаво тағйирёбанда мегардад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 7+9 ва рӯзона 11+13 дараҷа гарм мешавад.








Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






