Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст

Ноябрь 8, 2023 08:10

ДУШАНБЕ, 08.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб аз 4-9 то 10-15 метр дар як сония вазида, ҳарорат рӯзона то ба 23+25 дараҷа мерасад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда буда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр борону барф) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0+5 дараҷа хунук ва рӯзона 13+18 гарм, дар шарқи вилоят шабона 10-15 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр борону барф) ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 16+21 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, шабона 10+15 дараҷа хунук ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония вазида, дар ноҳияҳои алоҳида чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа гарм ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона 6+11 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр борону барф) ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самт ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ  бо гузариш ба самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 9+11 ва рӯзона 21+23 дараҷа гарм мешавад.

Ноябрь 8, 2023 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 маротиба зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд