КОНСТИТУТСИЯ — САНАДИ САРНАВИШТСОЗ. Қонунмандӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ омили асосӣ ва зарурии суботу оромӣ дар ҷомеа аст

Ноябрь 6, 2023 18:28

ДУШАНБЕ, 06.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 6 ноябри соли 1994, яъне бисту нуҳ сол муқаддам тавассути раъйпурсии умумихалқӣ  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва ҳамасола дар Тоҷикистон ин сана таҷлил мешавад. Ба ин муносибат андешаҳои узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳасани Султон манзур мегарданд. 

— Воқеан, Конститутсия хати тақдир ва санади сарнавиштсозе аст, ки ҳар миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни ҷаҳон онро бо дарки масъулияти амиқ дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва ояндааш бо дасти худ менависад.

Ба баёни дигар, Истиқлоли давлатӣ моро тақдирнависи миллату давлати худ намуд ва таҳияву тасвиби бахтномаи миллат, яъне  Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар рӯзгори Истиқлол бозгӯйи ҳамин ҳақиқат аст.

6 ноябри соли 1994 мардуми шарифи Тоҷикистон майлу иродаи худро доир ба қабули қонуни сарнавиштсоз, санаде,  ки ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро кафолат медиҳад ва бунёди устувори рушду такомули давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва иҷтимоӣ муайян менамояд, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ изҳор дошт.

Конститутсияи Тоҷикистон истиқлоли давлати тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии таҳкиму пешрафти ояндаи онро мутобиқи меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ муайян сохт.

Дар Конститутсия таъкид шудааст, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, дар он барои ҳар инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона фароҳам оварда мешавад. Ин ҷавҳари конститутсионӣ дар баробари соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона будани давлат мазмуни иҷтимоӣ доштани онро ифода менамояд.

Яке аз талаботи муҳимми Конститутсия- эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии меъёрҳои он ва қонунҳои дигар мебошад. Зеро қонунмандӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ омили асосӣ ва зарурии суботу оромии ҷомеа ва  пешрафту созандагии он ба шумор меравад.

Барои ноил гаштан ба ин мақсад, пеш аз ҳама зарур аст, ки эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии Конститутсия ва қонунҳо ба ҳукми анъана дароварда шавад.

Конститутсия аслан истилоҳи лотинӣ буда, маънои «ташкил додан», «барпо намудан», «бунёд гузоштан», «эҷод ва таъсис кардан»-ро ифода менамояд ва таърихи чандсадсола дорад. Ба ин маънӣ, Конститутсия қонуни асосии давлат мебошад, ки дорои эътибори олии ҳуқуқӣ аст ва асосҳои сохтори давлатӣ, ташкили ҳокимияти давлатӣ ва авзои ҳуқуқии шахсро муайян месозад.

Ёдовар бояд шуд, ки баъзе меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон, аз ҷумла озодии динию дунявии инсон ва шаҳрванд реша дар умқи таърих дорад ва аз ҷӯйи хиради ниёгони бузурги мо об мехӯрад.

Ба ибораи дигар, нахустин санади таърихие, ки дар он баробарии ҳамаи инсонҳо таъкид шудааст, муқаррароти ҳуқуқии бунёдгузори сулолаи подшоҳии Ҳахоманишиён Куруши Кабир аст (яке аз боғҳои зебои Душанбешаҳри мо дар шафати Театри опера ва балети ба номи устод Айнӣ бо ибтикори Пешвои муаззами миллат ба ифтихори ӯ номгузорӣ шудааст).

Соли 539 то милод бунёдгузори сулолаи подшоҳии Ҳахоманишиён Куруши Кабир (солҳои давлатдорияш 559-530 то милод) шаҳри Бобилро  ба даст оварда, бори нахуст дар таърих баробарии нажодии инсонҳоро эълон намуд.

Ин муқаррарот бо дастури Куруши Кабир барои наслҳои пасин бо хати мехӣ дар устувонаи сафолие сабт гардид ва дар Бобилистон нигаҳдорӣ мешуд. Хушбахтона, соли 1879 ҳангоми ковишҳои бостоншиносӣ дар Бобилистон ин устувонаи сафолӣ ошкор шуд ва аз ҳамон таърих то ба имрӯз дар Осорхонаи Британияи Кабир нигаҳдорӣ мешавад.

Бо камоли ифтихору фараҳмандӣ метавон гуфт, ки муқаррароти ҳуқуқии Куруши Кабир аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар аст. Ин муқаррарот бо шаш забони расмии Созмони Милали Муттаҳид тарҷума ва муҳтавои аслии он дар чор моддаи аввали Эъломияи умумии ҳуқуқи башар мунъакис шудааст.

Дар «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ низ ҳамин ғоя, яъне баробарии инсонҳо, қатъи назар аз рангу пӯст, дар қиссаи накӯҳиш кардани Зол падараш Соми Наримонро, ки фарзанди худро ба хотири сапедии мӯй, дар кӯҳ пинҳон намуда буд, сареҳан таъкид шудааст. Зол ба падараш Соми Наримон мегӯяд:

Зи модар бизодам, бияндохтӣ,
Ба кӯҳ андарам ҷойгаҳ сохтӣ.
На гаҳвора дидам, на пистони шир,
На аз ҳеч хубӣ маро буд вир…
Туро бо ҷаҳонофарин буд ҷанг,
Ки аз чӣ сапеду сиёҳ аст ранг?!

Ҳамин ғояи баробарии ҳуқуқи инсон, қатъи назар аз рангу пӯст, ки аз ҳикмати азалии ниёгони мо маншаъ мегирад, баъдан аз сарзамини пешиниёни мо ба сарзаминҳои Ҳинду Юнон ва ниҳоят ба Рими Қадим густариш пайдо намуда, дар Рим ташаккули бештар ёфт ва имрӯз бунмояи Конститутсияи аксари мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Конститутсия воқеан бахтномаи ҳар миллати озодандеши соҳибхираду соҳибфарҳанг аст. Вай рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдорию бақои давлату миллат мебошад. Зеро дар дунёи пуртазоди муосир фақат миллате соҳиби ному эҳтиром шуда метавонад, ки дар заминаи Конститутсияи худ дорои истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақил бошад, музаффарияти онро азизу гиромӣ дорад ва чун гавҳари чашм ҳифз намояд.

Ҳасани СУЛТОН,
узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 6, 2023 18:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон чӣ гуна татбиқ мегардад?
НАЗАРИ КОРШИНОС. Робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон бар пояи пайвандҳои таърихӣ асос ёфтаанд
МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Абдулло Раҳмонзода: «Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ рисолати таърихсозӣ доранд»
ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ СОКИНОН-ҲАДАФИ ОЛИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
«РОҒУН» — ШОҲАСАРИ ЭНЕРГЕТИКАИ НАВИН ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ТОЗА. Ин иншооти азим Тоҷикистонро ба истиқлоли комили энергетикӣ мерасонад
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Тоҷикистон дар харитаи ҷаҳонии сайёҳӣ метавонад ҷойгоҳи арзандаро ишғол намояд
Соҳибкасб намудани шаҳрвандон кафолати таъмини зиндагии шоиста мебошад
ГУЗАРИШ БА НИЗОМИ РАҚАМИКУНОНӢ. Масъалаҳои вусъат додани истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ бояд ҳарчи зудтар таъмин шаванд
ДАРОМАДИ ПУЛИИ АҲОЛӢ. Аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024 расонида шуд, яъне 3,6 баробар зиёд гардид
РУШДИ ФАРҲАНГ. Соли 2000 барои соҳаи фарҳанг ва варзиш 13 миллион сомонӣ ҷудо шуда, соли 2024 ин рақам ба 1,7 миллиард сомонӣ расид
Чаро кӯдакон нисбат ба калонсолон бештар ба зуком гирифтор мешаванд?