«Конститутсияи мамлакат барои ифодаи ҳадаф ва рушду такомули давлату давлатдорӣ омили асосӣ гардид», — бардошт аз ҳамоиш дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

Ноябрь 6, 2023 18:00

КӮЛОБ, 06.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия ва кормандону фаъолони соҳаҳои гуногун бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид, — иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар».

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки дар таҳия ва қабули ин санади тақдирсоз саҳми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  беназир аст. Ҳанӯз дар Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат мақсади худро оид ба бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ катъиян изҳор намуда, масъалаи қабули Конститутсияи навро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи рӯз арзёбӣ намуда буданд.

Таъкид гардид, ки дар раъйпурсии умумихалқӣ 2 миллиону 535 ҳазору 437 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, мавқеи худро муайян намуданд.  Имрӯз Конститутсияи мамлакат барои ифодаи ҳадаф ва рушду такомули давлату давлатдорӣ омили асосӣ гардида, дар таҳкими муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа нақши асосиро мебозад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 6, 2023 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид